ЗАН – ҲАМҚАДАМИ ЗАМОН
Дар зиндагӣ пешоҳанг будани зан ва маърифатнок буданаш имкон медиҳад, ки сатҳи маънавии оила баланд шуда, кӯдакон ва дигар аъзои оила маърифатнок тарбият ёбанд. Ин талабот асоси фарханги оиладориро ташкил медиҳад. Масъалаи дигаре, ки ҷолиби зикр аст, ин эътибору диққати хоса зоҳир намудани Пешвои миллат ба мақому мавқеи занони тоҷик маҳсуб меёбад.
ЗАН – ҲАМҚАДАМИ ЗАМОН
Қабули як силсила санадхои меъёриву ҳуқуқие, ки аз оғози даврони Истиқлолият то имрӯз рӯи кор омадаанд, ба масъалаи таҳкими қадру манзалати занон нигаронида шудааст.
Ҳадафи асосии Ҳукумати ҷумҳурӣ аз қабули санадҳо пеш аз ҳама арҷгузорӣ ба ҳуқуқу озодиҳои занон, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, нақши ӯ дар ҳаёти сиёсиву иқтисодиву иҷтимоии мамлакат ва фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти занону бонувон махҳсуб меёбад.
Дар хона маҳз зан — модар ҳисси меҳрубонӣ, ҳамдардӣ, ҳамдилӣ, ғамхорӣ, муҳаббат ба наздикон, таҳаммулпазирӣ ва низому интизомро фароҳам оварда, эхтиёҷоти ҳаррӯзаи фарзандонро қаноатманд месозад ва ба онҳо расму русуми оилаи миллиро меомӯзонад.
Беҳуда нест, ки сатҳи маърифати ҷомеа ва нуфузу эътибори он аз рӯи муносибат ба зан, ба модар муайян карда мешавад, аз рӯи он арзёбӣ мегардад, ки занон то чӣ андоза соҳибмаърифату соҳибкасбанд ва то чӣ андоза дар ҳаёти ҷомеа фаъол мебошанд.
Сарвари давлат имрӯз диққати махсусро ба илмомӯзии духтарон равона месозанд. Зеро зан офарандаи ояндаи миллат буда, маҳз зан-модари босавод ва соҳибилм метавонад фарзандӣ боинтизому бомаърифатро ба воя расонад. Нақши модар махсусан дар тарбия, омӯхтани забон, таъриху фарҳанг, донишҳои муосир ва умуман камолоти маънавию ахлоқии фарзанд барҷаста ва ҳатто муайянкунанда мебошад. Аз ин рӯ, фаромӯш набояд кард, ки волидайн ва махсусан модарони имрӯза фарзандони худро ба камол расонида, ҳамзамон таърихи ояндаи Ватани хеш, гузашта аз ин таърихи ояндаи башарро эҷод мекунанд. Бинобар ин, худи модарон бояд соҳибмаърифату бофарҳанг ва дорои чаҳонбинии васеъ бошанд, то ки дар тарбияву парасторӣ, камолоти маънавию ҷисмонӣ ва ба ҳаёти мустақилона омода карданӣ фарзандонашон нақшу мақоми онхо ба хубӣ эҳсос гардад.
Дар ин ҳолат, афроди ҷомеаи таълимдидаву тарбиягирифта, соҳибмаърифату донишманд ва худогоҳу худшинос, пеш аз ҳама, иззату эҳтироми падару модари худро ба ҷо оварда, дӯст доштани сарзамини аҷдодӣ ва арҷ гузоштан ба арзишҳои муқаддаси Ватанро рисолати инсонӣ ва қарзи фарзандии худ медонанд.
Аз ин дихоз, таълиму тарбияи фарзандон, пеш аз ҳама, вазифаи муқаддаси падару модарон ва баъдан мактаб ва ҷомеа мебошад.
Назариён Нигора,
судяи суди вилояти Суғд