КАФИЛИ ПЕШРАФТИ ҲАЁТИ ҶОМЕА

2024 — Соли маърифати ҳуқуқӣ

КАФИЛИ ПЕШРАФТИ ҲАЁТИ ҶОМЕА

РИСОЛАТИ таърихии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ин фароҳам овардани фазоӣ осоиштаву бесубот, бартараф намудани оқибати кашмакшҳои дохилӣ, таъмини Ваҳдати миллӣ, барқарор намудани хоҷагии халқи харобгашта, таъмини фаъолияти мӯътадили мақомоти ҳокимияти давлатӣ, гузаштан ба иқтисоди бозоргонӣ, барқарор намудани муносибатҳои судбахши байналмилалӣ ва сиёсати сулҳҷӯёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Ин раванд давоми 30 сол, бо қабули сарнавиштсози он устувор асту пойдор…

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти на танҳо ҳуқуқӣ, балки иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангиро доро мебошад. Дар заминаи Кон­ститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ислоҳоти васеи ҳуқуқӣ, иқтисодӣ сиёсӣ, иҷтимоии ҷомеаи мо давра ба давра ва бо назардошти талаботи замона гузаронида шуд.

Ба андешаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: “Истиқлолият дар таърихи давлатдорӣ ва сарнавишти миллати тоҷик гардиши куллӣ ва оғози марҳалаи сифатан нави рушд гардида, дар назди мо иҷрои вазифаи бисёр пурмасъулияти таърихӣ, яъне бунёди давлати мутамаддини ҷавобгӯ ба манфиатҳои халқу кишвар ва эҷоди аркони давлатдории муосирро пеш гузошт”.

Солҳои пас аз қабули Консти­тутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон собит намуданд, ки такмили мақомоти давлатӣ ва бахшҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа танҳо дар заминаи Қонуни асосии давлат, ки пойдевори ҳуқуқии ҷомеа ва давлатамон аст, имконпазир мегардад. Яке аз муваффақиятҳои мо низ маҳз дар ҳамин аст, ки ислоҳоти куллии ҳаёти давлат ва ҷомеаро ҳанӯз дар давраи душвортарин ва фоҷианоктарин, дар доираи Конститутсия оғоз намуда, минбаъд ин ҳуҷҷати муҳими сиёсию ҳуқуқиро заминаи ҳуқуқии кору фаъолиятамон қарор додем. Таърихи давлатҳои тараққикардаи ҷаҳони мутамаддин нишон медиҳад, ки пешрафти ҷомеа ва давлат танҳо дар пояи боэътимоди ҳуқуқӣ, дар чорчӯбаи Қонуни асосии давлат им­конпазир мешавад.

Эъмори давлати ҳуқуқбунёди демократӣ, дар навбати худ тақвияти асосҳои ҳуқуқии ҳаёти ҷомеа ва давлатро талаб мекунад. Ҳамин роҳи рушди ҷомеаро мо низ хуб дарк ва интихоб намудаем. Аз ин рӯ, такмили Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз самтҳои муҳими сиё­сати ҳуқуқии давлат, роҳи таъмини ҳуқуқии ислоҳот ва пеш­рафти ҷомеаи мо маҳсуб мешавад. Солҳои минбаъда собит намуданд, ки такмили Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти талаботи нави ҷомеа сурат гирифта, барои пешрафти минбаъдаи ҷомеа, такмили идораи давлатӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, ислоҳоти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ мусоидат намуд. Яке аз натиҷаҳои хуби ислоҳоти конститутсионӣ таъсиси парламенти касбии доимоамалкунанда буд, ки барои таҳкими низоми қонунгузории миллӣ аҳамияти ҳалкунанда дорад.

Яке аз ҳадафҳои давлати мо бунёди давлати ҳуқуқӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад, ки аз Эъломияи Истиқлоли Тоҷикистон маншаъ мегирад.

Барои бунёди чунин ҷомеа заминаҳои ҳуқуқӣ лозим аст, ки аз қабили озодии иқтисодӣ, гуногуншаклии моликият, хусусияти қонунӣ доштани давлат, кафолати ҳуқуқу озодиҳои инсон, озодии воситаҳои ахбори омма ва ғайра мебо­шад. Ба сифати чунин заминаҳои ҳуқуқӣ, пеш аз ҳама, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад менамояд. Меъёрҳои адолатноки Конститутсия ин хусусиятҳоро аз лиҳози ҳуқуқӣ додаанд. Аз ҷумла, мутобиқи моддаи 12-и Конститут­сияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асоси иктисодиёти Тоҷикистонро шаклҳои гуногуни моликият ташкил медиҳанд.

Давлат фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ, баробарҳукуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои мо­ликият, аз ҷумла моликияти хусусиро кафолат додааст. Ин меъёр ба ҳар шахс имкон медиҳад, ки дар ҳаёти иқтисодӣ озодона фаъолият карда, соҳибӣ ба моликиятро пайдо намояд. Машғул шудани як қатор ашхоси мансабдор мутобиқи Кон­ститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолияти иқтисодӣ маҳдуд шудааст, то ин ки дар ин самт назорати давлатии иқтисодӣ ва соҳибкорӣ пурзӯр гардад.

Имрӯз ҷомеаи мутамаддин ба хусусиятҳои қонунӣ доштани дав­лат алоқамандии зич дорад. Инсон ҳуқуқу озодиҳои худро дар муносибатҳои байниҳамдигарӣ чӣ бо одамони дигар ва чӣ бо давлат амалӣ месозад.

Инкишофи босуръати ҷомеа, талаботи нав ба нави ҳаёти ҷомеа, зарурати идомаи ислоҳоти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ, дар на­вбати аввал такмили худи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро талаб мекунад, зеро бетакмили асоси ҳуқуқии ҳаёти ҷомеа, давлат таъмин намудани ислоҳот ва рушди минбаъдаи ҷомеа ғайриимкон аст.

Дар солҳои баъди қабули Конс­титутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷомеаи Тоҷикистон ва ҷаҳон тағйироти куллӣ ба вуқӯъ пайвастанд, як зумра масъалаҳои нави ҷаҳонӣ ба миён омаданд, ки ҳалли худро зимни истифодаи захираҳои нави молиявӣ, иқтисодӣ, энергетикӣ, нақлиётӣ ва ғайра талаб мекунанд. Бо пешрафти ҳаёти ҷомеа масъалаҳои ҳаётан муҳим торафт мураккабтар мегарданд. Ин дар навбати худ ҷустуҷӯи роҳҳои нави ҳалли мушкилиҳои бамиёномада, ҷалби захираҳои нави молиявию иқтисодиро талаб мекунад.

Ҳуқуқҳои инсон бояд ҳатман дар қонунҳо таҳким ёбанд, дар акси ҳол онҳо аз ҷониби давлат ҳимоя карда намешаванд, бинобар ин чунин ҳуқуқҳоро позитивӣ мегӯянд.

Ҳамин тавр, дар меҳвари маърифати ҳуқуқӣ қарор доштан ба иродаи бадеӣ андалеби чаманистони донишу идрок будан аст, ки хушбахтиву фараҳмандист.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон ва яке аз рамзҳои муҳимтарини соҳибистиқлолии кишвар мебошад. Дар ин бора Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониашон ба ифтихори солгарди қабули Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин изҳори назар намудаанд: «Эътирофи соҳибихтиёрии давлати Тоҷикистон ба воситаи Конститутсияи он, бешубҳа, аз ҷумлаи арзишҳои гаронбаҳои миллат мебошад, зеро, маҳз, соҳибихтиёриву истиқлолият барои миллат имконияти интихоби озодонаи роҳи пеш­рафти мустақилонаро фароҳам оварда, халқро ба ҷаҳониён ҳамчун соҳибдавлату соҳибқудрат муаррифӣ мекунад”.

Ҷӯрабек ШЕРЗОДА,

 муовини раиси Суди

вилояти Суғд