МУБОРИЗАИ ДАСТАҶАМЪОНА МЕБОЯД
Терроризм яке аз ҷиноятҳои хавфноктарини ҷомеаи имрӯзаи мо буда, натанҳо характери миллӣ, балки байналхалқӣ дорад. Амалҳои террористӣ гуногуншакл буда онҳоро ду унсур ба ҳам муттаҳид месозад. Мубориза алайҳи терроризм дар даврони муосир аҳамияти бештаре касб мекунад.
Баррасии мафҳуми терроризм яке аз масоили мушкилу ҳалталаб дар таҳқиқи илми ҳуқуқ ва таҷрибаи мубориза алайҳи ҷинояткорӣ дониста мешавад.
Хусусияти фарқкунандаи терроризм хавфи оммавӣ доштани он аст, ки дар натиҷаи амалиёти барои ҷомеа хатарнок ва ё таҳдид барои ба миён овардани ҳамин гуна хатар ба миён меояд. Хатари оммавӣ дар ин ҳолат воқеӣ буда, ба доираи номуайяни одамон равона мешавад. Дар натиҷаи амалиёти террористӣ тарсу таҳлука худ ба худ не, балки дар муҳити иҷтимоӣ мақсаднок ва махсус ба миён оварда мешавад.
Ба гурӯҳи ҷиноятҳои террористӣ гаравгонгирӣ, одамрабоӣ, ғасби биноҳо, нақлиётҳои обӣ ва ҳавоӣ, нақлиёти роҳи оҳан шомиланд, ки онҳо ошкоро сурат гирифта, барои ба миён овардани тарсу ҳароси аҳолӣ равона карда шудаанд. Мардуми сарбаланди тоҷик ва кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон бунёдкориву созандагиҳо карда, бо нияти нек ва нақшаҳои бузург ба сӯи ояндаи обод қадамҳои устувор мегузоранд ва дар арсаи ҷаҳон мақоми шоистаи худро беш аз пеш таҳким мебахшад.
Дар чунин шароит ҳар як кишвар, хусусан, давлатҳои пешрафтаву абарқудрат ба хотири мустаҳкам кардани мавқеъ ва мақоми сиёсиву иқтисодии худ ба андозаи бесобиқа кӯшиш мекунад.
Аз ин лиҳоз, мо низ ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ин раванди хеле мураккаб ва пурҳаводис бояд на танҳо асолати миллии худро ҳифз намоем, балки бо заҳмати созанда ва содиқонаву софдилона рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии давлати соҳибистиқлоламонро таъмин созем.
Ҳамаи мақомотҳои давлатӣ вазифадоранд, ки дар самти мубориза ба терроризм, экстремизм, хариду фурӯши одамон ва дигар ҷиноятҳои фаромарзӣ, ки вазифаи ҷонии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мебошад, оштинопазирона барои оромии ҷомеа мубориза баранд.
Бинобар ин роҳбарияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии мамлакатро зарур аст, ки дар самти мубориза бар зидди терроризм, ифротгароӣ, таъмини амнияти давлатӣ ва ҷомеа, баланд бардоштани иқтидори мудофиавии мамлакат ва ҳифзи боэътимоди сарҳади давлатӣ андешанд.
Муборизаи якҷоя ва дастаҷамъонаи мардуми мо ин эмин нигоҳ доштани сайёра, минтақаҳои аҳолинишин аз чунин ҷиноятҳои мудҳиш мебошад ва мо, шаҳрвандони Тоҷикистон, мақомотҳои қудративу судӣ бояд бо ахлоқи ҳамида, рафтору кирдор ва ватандӯстиву ватанпарастӣ намунаи ибрати дигарон буда, бо чунин зуҳурот муборизаи қатъӣ барем ва Ватани азизамонро чун гавҳараки чашм аз чунин унсурҳо ҳимоя намоем.
Фирӯза АҲМАДЗОДА,
судяи Суди вилояти Суғд
Суди вилояти Суғд 