ҶАЛАСАИ КОРӢ

Санаи 22 сентябри соли 2025 дар толори суди вилояти Суғд маҷлиси корӣ баргузор гардид. Дар маҷлис роҳбарияти суди вилоят, судяҳо ва кормандони дастгоҳ иштирок доштанд.

Раиси суд Рушанзода С.Р. маҷлисро кушода, рӯзномаи онро эълон намуда, супориши хаттии муовини якуми Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сафарҳои ғайрихизматии хориҷӣ, сафарҳои сайёҳии роҳбарон ва кормандони судро хонда, қайд намуданд ки талаботи қонунгузориро риоя карда, бе иҷозат ба хориҷи кишвар сафарҳои сайёҳиро анҷом надиҳанд.

Инчунин, Раиси суд қайд намуданд, ки тибқи дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷрояи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 октябри соли 2025 бо мақсади тақвият бахшидан ба раванди коргузорӣ дар шакли электронӣ ва дастарсию баррасии саривақтии ҳуҷҷатҳо тавассути Низоми ягонаи гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ манзур карда мешавад.

Ҳамчунин Раиси суд қайд намуданд, ки минбаъд ҳуҷҷатҳои хизматӣ бояд дар шакли электронӣ пурра таҳия дода шуда, ба мақомоти дахлдор ирсол карда шавад, муовинон ва сардори шуъбаи таъмини ташкили кори судҳои суди вилояти Суғдро таҳкид намуд, ки тартиби гардиши ҳуҷҷатҳоро тариқи электронӣ ба шахсони масъул омӯзонида, онҳо низ ин масъаларо мавриди омӯзиш қарор дода, то санаи 1 октябри соли 2025 пурра омода бошанд.

Дар охир, қарори дахлдор қабул гардида, иҷрои он ба шахсони масъул супурда шуд.