ДАР РОҲИ ТАЪМИНИ АДОЛАТУ ҚОНУНИЯТ

Рӯйдоди фараҳбахше аз баракати истиқлол ва файзи соҳибватанӣ ба номгӯи идҳои касбӣ илова гардида, тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» 26-уми октябр ҳамчун Рӯзи кормандони мақомоти судӣ эълон гардид, ки онро мо, кормандони мақомоти судии кишвар бо дарки масъулият дар роҳи ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандон ва таъмини адолату қонуният дар ҷомеа бо эҳсоси сарфарозӣ ҳамасола таҷлил менамоем.

Муқаррар намудани иди касбии кормандони мақомоти судӣ дар доираи ташаббусу саҳмгузориҳои барҷастаи Асосгузори сулҳу йаҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президента Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардид.

Лозим ба ёдоварии хос аст, ки боло бурдани ҷойгоҳи мақомоти судӣ ва мустаҳкам намудани пояҳои фаъолиятӣ он маҳз тавассути таваҷҷуҳи пайваста ва дастгирии доимии Пешвои миллат амри воқеӣ шуд.

Чӣ тавре Пешвои муаззами миллат зимни маросими ифтитоҳи бинои нави Суди Олии кишвар дар мулоқот бо кормандони мақомоти суди таъкид доштанд: «Ҳокимияти судӣ риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, манфиатҳои давлат ва ташкилоту муассисаҳоро кафолат дода, фаъолияти он ба таъмин намудани қонуният ва адолати иҷтимоӣ равона шудааст. Яъне Конститутсия ва қонунҳо танҳо ба суд ваколат додаанд, ки инсонро аз озодӣ маҳрум созад, гунаҳгорӣ ва бегуноҳии шахсро муқаррар намояд, ҳаёт, қадру номус, моликият ва дигар ҳуқуқҳои инсон, манфиатҳои давлат ва ташки­лоту муассисаҳоро ҳифз карда, волоияти қонун ва адолати иҷтимоиро таъмин намояд».

Аз ин рӯ, мо кормандони мақомоти судӣ дар фаъолияти ҳамарӯзаи хизматии хеш таъкидҳои Сарвари давлатро дар хусуси таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд сармашқи кори худ қарор дода, бо масъулиятшиносии баланд, дарки муқаддасоти касбӣ тамоми азму талоши лозимро анҷом дода истодаем, то эътимоди мардум ба низоми ҳуқуқии давлат доимо боло бошад, меъёри адолати судӣ ҳамеша тантана кунад ва ҳуқуқи инсон ҳамчун арзиши олӣ устувору побарҷо ва бегазанд боқӣ монад.

Воқеан ҳам тайи солҳои Истиқлолият давлат барои мустаҳкам намудани зами­наҳои моддӣ-техникии фаъолияти судҳо баланд бардоштани эътибору ҷойгоҳи он тадбирҳои муҳимеро амалӣ намуд. Инчунин, заминаҳои меъёрӣ — ҳуқуқии фаъолияти мақомоти судӣ мукаммал гардида, ба санадҳои қонунии танзимкунандаи кори судяҳо тағйироту иловаҳои зарурӣ ворид шуданд.

Шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва баракати Ваҳдати миллист, ки имрӯз суд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кафолати ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд амал карда, дар раванди ҳифзи ҳуқуқҳои шахс ҷойгоҳ ва мақоми марказиро дорост. Мустақилона, босалоҳият ва бидуни дахолати мақомоти дигар фаъолият намудани низоми судии Тоҷикистон имконият фароҳам овард, ки адолати судӣ ба маънии томаш таъмин гар­дида, сатҳу сифати ҳифзи ҳуқуқи шахсият баланд бардошта шавад, ки чунин воқеият дар таърихи пойдории мақомоти судии Тоҷикистон падидаи муҳим ба ҳисоб меравад.

Низоми судии Ҷумҳурии Тоҷи кистон тавассути амалӣ намудани адолати судӣ, таҳкими минбаъдаи ҳокимияти судӣ, баланд бардоштани нақши суд дар ҳифзи ҳамаҷонибаи ҳуқуқу озодиҳои инсон фаъолият намуда, бо ин роҳ дар мустаҳкам намудани пояҳои Ваҳдати миллӣ ва пешрафти Ватанамон саҳми арзанда мегузорад.

Маҳз аз ин ҷост, ки эътимоди мар­дум ба фаъолияти судҳо афзун гардида ҳамаи баҳсу мушкилоти худро тариқи баррасии судӣ расмият бахшиданианд. Гувоҳи ин гуфта зиёд шудани теъдоди муроҷиатӣ шаҳрвандон ба зинаҳои гуногуни мақомоти судии киш­вар ба ҳисоб меравад. Аз ҷониби дигар чунин ҳолат шаҳодати баланд рафтани савияи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандони кишвар ба шумор меравад, ки ҳамаи баҳс, нофаҳмӣ ва дигар печидагиҳои зиндагии худро бо роҳи хуқуқӣ, тариқи мизони муқарраркардаи қонун ҳаллу фасл карданианд. Чунин ҳол боиси қаноатмандист, зеро он волоияти қонунро, ки аз нишонаҳои муҳими давлати ҳуқуқбунёд ба шумор меравад, тақвият бахшида, сифатҳои қонунписандӣ ва соҳибҳуқуқиро дар ҷомеа тарғиб ва пойдор менамояд.

Бо боварӣ ва эътимод метавон зикр намуд, ки минбаъд низ кормандони мақомоти судии кишварамон фаъо­лияти хизматии худро дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат ба роҳ монда, садоқатмандона ӯхдадориҳои вазифавиашонро анҷом дода, баҳри баланд бардоштани малакаи касбӣ ва дониши тахассусиашон азму кӯшиши пайваста намуда, даст ба амали созанда ва ватандӯстона мезананд ва бо ин восита саҳми арзандаашонро дар пешрафту шукуфоии Ватани азизамон гузошта, Мавқеъ, мақом ва эътибори низоми судии ҷумҳурии соҳибихтиёрамонро боз ҳам боло хоҳад бардошт.

Бо иди касбӣ — Рӯзи кормандони мақомоти судӣ ҳамаи кормандони ин шохаи мустақили ҳокимияти давлатиро самимона табрик гуфта, садоқати касбӣ, саодати умр, осоиши рӯзгор, фараҳу шодмонӣ ва ба Ватани маҳбубамон пешрафти рӯзафзун ва иқболи хуҷаста таманно дорам.

Суҳроб РУШАНЗОДА,

раиси Суди вилояти Суғд