Конфронс бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

15 ноябри соли 2024 дар бинои суди вилояти Суғд Конфронс бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд.

Раиси суди вилояти Суғд Ҳоҷизода М.М. оғоз намуда зикр кард, ки дар кишварамон тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамасола рӯзи 16 ноябр ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи давлатдории халқи тоҷик падидаи тозае мебошад, ки воқеан барои гиромидошти арзишҳои миллии мо аҳамияти хосса ва муҳим дорад. Ҷашнгирии ин рўз маънои эҳтиром гузоштан ба шахсияти таърихии барҷастаест, ки тамоми ҳастии худро барои ободии кишвар ва беҳдошти зиндагии мардум сарф менамояд, инчунин нишонаи шинохт ва гиромидошти арзишҳои миллии халқи тоҷик мебошад.

Воқеан нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳёи давлати миллӣ, эъмори давлати ҳуқуқбунёди демократӣ, ягона ва дунявӣ дар Тоҷикистон, барқарор ва таъмини сулҳу ваҳдат, таҳкими низоми судии кишвар, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд ва баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ниҳоят бузург мебошад.

Қобили зикр аст, ки дар роҳи расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон нақши фарзанди фарзонаи миллат, Президенти Ҷумҳуриии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басо бузург аст. Маҳз шахсияти Пешвои миллат буд, ки халқи тоҷик аз парокандагӣ наҷот ёфт ва то охирин гурезаи тоҷик ба Ватан баргашт. Аз ин ҷост, ки хизматҳои шоистаю бузурги ӯро миллати тоҷик ҳаргиз фаромӯш нахоҳад кард.

Инчунин дар конфронс судяи суди вилояти Суғд Набизода Н.Ҳ., кормандони дастгоҳи суд Аскарзода А. ва Ғуломов М.М. бо забони давлатӣ ва инглисӣ оид ба мавзуи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад карданд.

Раиси суди вилояти Суғд Ҳоҷизода М.М., илова намуд, ки дар таърихи 16 ноябри соли 1994 Эмомалӣ Раҳмон бори нахуст ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди халқу Ватан савганд ёд кард. 16 ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити барои миллати тоҷик ниҳоят ҳассосу мушкил ва сарнавиштсоз доир гардида, дар он Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби вакилон ба ҳайси раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.

Яке аз корҳои аввалине, ки баҳри таҳкими пояҳои давлати соҳибистиқлол анҷом додани он зарур шуморида шуд, ворид намудани тағйиру илова ба Конститутсияи кишвар буд, ки дар ҷараёни он иҷлосия қабул карда шуд. Соли 1994 бо қабули аввалин Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол, тариқи райъпурсии умумихалқӣ ва муқаррар гардидани шакли Президентии идораи давлат, Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии интихоб карда шуд.

Дар охир Ҳоҷизода М.М. бори дигар ҳамаи иштирокчиёни конфронсро бо Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният намуда, конфронсро хотимашуда эълон кард.