Маҷилиси тантанавӣ бахшида ба Рузи Президент
Имрӯз 14 ноябри соли 2025 дар толори суди вилояти Суғд бахшида ба рузи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.
Маҷлиси мазкурро Раиси суди вилояти Суғд Рушанзода С.Р. ҳусни оғоз бахшида, қайд намуд, ки аз файзи истиқлолият ва баракати соҳибихтиёрӣ ба тақвими сиёсии давлати мустақиламон боз як санаи дигари барои ҳамаи тоҷикистониён муқаддас – Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон илова гардид.
Ҷашн гирифтани Рӯзи Президент – нишонаи эҳтироми халқи шарифи Тоҷикистон ба шахсияти нотакрор ва заҳматҳои таърихии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Бар замми ин, таҷлили Рӯзи Президент – рамзи қадршиносии ҳар як шаҳрванди бедордилу огоҳназари Тоҷикистон нисбати фаъолияти намоёни роҳбарӣ, мактаби давлатдорӣ ва сарварии хирадмандонаи Қаҳрамони Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ
Раҳмон аст.
Ҳанӯз дар иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ фарзанди барӯманди миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ғайюрона ва ботадбирона зимоми роҳбарии давлат ва сарварии халқи онро ба дасти худ гирифтанд.
Ташаббускори асосӣ ва иқдомгари аслии таҳия ва қабули нахустин Конститутсияи давлати озоду соҳибистиқлоли Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, ки ин рӯйдод падидаи беназири таърихи давлатдорӣ ва низоми ҳуқуқию қонунгузории марҳилаи навини миллати сарбаланди тоҷик мебошад.
Президенти кишвари мустақиламон масъулияти ҳомии хирадсолори Конститутсия, кафили истиқлолияти давлатӣ ва пойдориву бардавомии миллат буданро ба таври шоиста анҷом дода истодаанд, ки аз шарофати чунин дарки масъулияти баланд комёбӣ пайи комёбӣ насиби мо – соҳибватанон гардида, музаффариятҳои зиёди даврони озодиву соҳибихтиёриамон торафт афзуда истодааст.
Соҳибдавлативу соҳибватании мо аз файзи истиқлол ва асосноккунии ҳуқуқии Конститутсия сарчашма гирифта, бо шарофати мактаби сарварии сиёсии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон такомул пайдо намуда, роҳи тараққиёти устувор ба самти ободкориҳо, муттаҳидиву ҳамбастагӣ босуръат ҷараён дорад.
Таҷлили Рӯзи Президент – ин ҷашни қадршиносӣ ва арҷгузорӣ ба ҳиссагузориҳои арзанда ва хидматҳои шоиставу бузурги Пешвои муаззами миллатамон буда, он дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» дарҷ гардидааст.
Қабули ин қонун зарурати таърихие буд, ки амалӣ гардид, зеро аз нигоҳи талаби вақт, тақозои замон ва ҳақиқати ҳаёт татбиқи
он амри зарурӣ ва саривақтӣ буд.
Лозим ба ёдоварии хос аст, ки боло бурдани мавқеи мақомоти судӣ ва мустаҳкам намудани пояҳои фаъолияти он низ маҳз тавассути таваҷҷуҳи пайваста ва дастгирии доимии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардид.
Пешвои муаззами миллати аз лаҳзаҳои аввали роҳбарии кишвар ва сарнавишти мардумро ба дӯши хеш гирифтан бо халқ самимӣ буданд ва то имрӯз низ чунин ҳиссиёти наҷиби хешро дар таҷрибаи давлатдорӣ ва фаъолияти мактаби сиёсиашон ҳамчун унсури муҳими иртиботи байни сарвари ҷумҳурӣ бо аҳолии он пайваста зоҳир менамоянд.
Ҳамин ҷанбаи кишвардории хирадсолоронаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, яъне самимияту садоқати Пешвои миллат бо халқи Тоҷикистон борҳо аз забони худашон бо эҳсоси таъсирбахш садо додааст, ки ҳамагонро ба покии қалб ва нияти неки Президенти мамлакат эътиқодманд месозад.
Сифати дигари барҷастаи таҷрибаи омӯзандаи роҳбарии Пешвои миллат дар он аст, ки ҳамеша аз ҷонибдориву пуштибонии халқи шарафманди Тоҷикистон бархӯрдор ҳастанд ва бояд бигӯем, ки на ба ҳар роҳбару сарвар муяссар мегардад, ки тӯли даҳсолаҳо чунин сатҳи баланди пуштибонии афзояндаи мардумӣ дошта бошад.
Ваҳдати миллӣ ҳамчун падидаи наҷотбахши миллат агар аз орзую омоли сулҳхоҳии мардуми соҳибтамаддуни мо сарчашма гирифта бошад, ҳам бундёгузор ва меъмори аслии он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шумор мераванд.
Пас, дар ҷавоб ба ин ҳама садоқату самимияти Пешвои миллат ҳар як мо – соҳибватанон бояд аз сиёсати пешгирифтаи роҳбари давлат бо ҳисси баланди миллӣ ва ифтихори ватандорӣ ҷонибдорӣ намоем ва бо сарҷамъиву иттиҳоди сартосарӣ содиқона раванди бемайлони рушди мамлакат ва шукуфоиву равнақи Ватани маҳбубамонро боз ҳам суръати бештар бахшем.
Барои ин моро зарур аст, ки таҳти сарварию роҳнамоии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатӣ азму нияти қавӣ нишон дода, пайравони содиқу вафодори Пешвои муаззами миллат бошем.
Дар идомаи чорабинӣ ҳамчунин судяҳои суди вилояти Суғд Мирасилзода А.А., Искандарзод А.И. ва бо забони англисӣ котиби
маҷлиси судии суди вилояти Суғд Ғуломов М.М. доир ба рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда, қайд намуданд, ки Тоҷикистон имрӯз нисбати дирӯзу солҳои пеш ободу озоду зебо, мардумаш дар амну осоиш қарор доранд, ки дар ин кор саҳми Президенти Тоҷикистон, Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле воло аст.
Бо назардошти иқдому ташаббусҳои созандаи бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини сулҳу ваҳдати сартосарӣ, оромиву субот, сарҷамъии миллат, расидан ба ҳадафҳои стратегии мамлакат, қабули қонунҳои миллӣ, бо азму иродаи қавӣ ва устуворона иброз менамоем, ки ӯ – Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат ва поягузори низоми навини давлатдорӣ ва ҳуқуқии миллии Тоҷикистон мебошад.
Дар охир Раиси суд ҳозиринро бо Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, маҷлиси мазкурро ба охир расониданд.
Суди вилояти Суғд 