Ҷаласаи Раёсати Васеъи суди вилояти Суғд

Санаи 13 ноябри соли 2025 дар толори суди вилояти Суғд баҳри иҷроиши нақшаи кории суди вилояти Суғд барои нимсолаи дуюми соли 2025 вобаста ба санҷиши фаъолият ва расонидани ёрии амалӣ ба судҳои шаҳри Бӯстон, ноҳияҳои Мастчоҳ ва Спитамен оид ба амал баровардани адолати судӣ ва муҳокима намудани он Ҷаласаи Раёсати васеъи суди вилояти Суғд таҳти раисии Раиси Раёсати суди вилояти Суғд Рушанзода С.Р., аъзоёни Раёсат Ҳафиззода Т.М., Зарифӣ Ф.Н., Аҳмадзода Ф., Назариён Н.Қ., Искандарзода Ш., котиби Раёсат Маъруфзода М.Ҳ. бо иштироки судяҳои суди вилояти Суғд Ашурзода Н.А., Пӯлодӣ Т.С., Бобокалонзода З.К., Бобоҷонзода Б., Мирасилзода А.А., Маҳмадназарӣ Ш.М., Назарзода Н.О., Искандарзод А.И., Набизода Н.Ҳ., Рустамзода М., раисон, муовинон, судяҳо ва кормандони дастгоҳи ин судҳо баргузор гардид, ки аз ҷониби роҳбарони гуруҳи корӣ муовини раиси суди вилоят Зарифӣ Ф.Н. оиди фаъолияти суди ноҳияи Спитамен, судя Аҳмадзода Ф. оиди фаъолияти суди ноҳияи Мастчоҳ, судя Набизода Н.Ҳ. оиди фаъолияти суди шаҳри Бӯстон дар Раёсати Васеъ маъруза намуданд ва баҳри ҳарчи зудтар ислоҳ намудани камбадиҳою норасогиҳо аз ҷониби Раиси Раёсати суди вилояти Суғд Рушанзода С.Р. қарори Раёсати васеъи суди вилояти Суғд қабул гардида ба самъи ҳозирин расонида шуд.