Маҷлиси корӣ
Санаи 15 сентябри соли 2025 дар толори суди вилояти Суғд маҷлиси корӣ баргузор гардид. Дар маҷлис роҳбарияти суди вилоят, судяҳо ва кормандони дастгоҳ иштирок доштанд.
Раиси суд Рушанзода С.Р. маҷлисро кушода, рӯзномаи онро эълон намуда, қайд карданд, ки шахсони масъул ҳисоботи нӯҳ моҳаи омориро барои давраи фаъолияти нӯҳ моҳаи соли 2025 тартиб дода ба Суди Олӣ дар вақти муайян шуда пешниҳод намоянд.
Инчунин, Раиси суд судяҳоро хотирасон намуд, ки зимни баррасии парвандаҳои судӣ, баррасии шикоятҳои кассатсионӣ ва назоратӣ бояд ҳушёрию зиракиро аз даст надиҳанд ва саривақт баррасии онҳо ба пешгири намудани омилҳои коррупсионӣ мусоидат менамояд.
Илова бар ин, Раиси суд қайд намуданд, ки дар маҷлисҳои қаблӣ масъалаи интизомӣ меҳнат баррасӣ шуда буд ва таҳкид карданд, ки масъалаи мазкурро қатъӣ ба роҳ монда, дар ҳолати вайронкардани интизомӣ меҳнат чораҳо дахлдор андешида шавад.
Дар охир, қарори дахлдор қабул гардида, иҷрои онҳо ба шахсони масъул супурда шуд.