МАҶЛИСИ КОРӢ

Санаи 6 октябри соли 2025 дар толори суди вилояти Суғд маҷлиси корӣ баргузор гардид. Дар маҷлис роҳбарияти суди вилоят, судяҳо ва кормандони дастгоҳ иштирок доштанд.

Раиси суд Рушанзода С.Р. маҷлисро кушода, рӯзномаи онро эълон намуда, супориши хаттии муовини якуми Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба саривақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони соли 2025-2026 ва дар бораи обунашавӣ ба рӯзномаю маҷаллаҳо барои соли 2026 — ро хонда, қайд намуданд, ки вобаста ба супоришҳои мазкур чораҳои мушаххас андешида шуда, судяҳо ва кормандони дастгоҳ фаъолона иштирок намоянд.

Инчунин, Раиси суд қайд намуданд, ки омодагӣ ба тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026 дар сатҳи зарурӣ гузаронида шуда, қувваи барқ сарафакорона истифода карда шавад ва ноқилҳои барқӣ санҷида шуда, ба фасли зимистон омода карда шавад,

Илова бар ин, Раиси суд ҳар як судя ва кормандони дастгоҳро таъкид кард, ки қувваи барқро сарфакорона истифода карда ба беҳудаю ғайримақсаднок роҳ надиҳанд.

Чунончӣ, Раиси суд судяҳо ва кормандони дастгоҳро хотиррасон намуданд, ки дар маракаи обунашавӣ ба рӯзномаҳои Ҷумҳурият, Садои Мардум, Народная Газета, Халқ Овозӣ, Ҷавонони Тоҷикистон, Адабиёт ва Санъат, Ваҳдат, маҷаллаҳои Бонувони Тоҷикистон, Пайванд, Садои Шарқ, Помир ва ғайраҳо бо масъулияти баланд иштирок намоянд.

Ҳамчунин, Раиси суд вобаста ба фаъолияти суди вилоят дар нӯҳ моҳи соли 2025 дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2024 баромад намуда, фаъолияти ҳар як муовинони Раиси суд ва судяҳоро мавриди таҳлил қарор дод.

Дар навбати худ муовинони Раиси суд ва судяҳо дар баромадҳояшон қайд карданд, ки камбудиҳои ошкоршуда дар фаъолияти онҳо ҷой дорад, кушиш менамоянд, ки дар маҳлати зиёда аз ду моҳи боқимондаи ҳисоботи солона камбудиҳоро пурра ислоҳ мекунанд.

Дар охир, қарори дахлдор қабул гардида, иҷрои он ба шахсони масъул супурда шуд.