МАҶЛИСИ КОРӢ

Санаи 3 ноябри соли 2025 дар толори суди вилояти Суғд маҷлиси корӣ баргузор гардид. Дар маҷлис роҳбарияти суди вилоят, судяҳо ва кормандони дастгоҳ иштирок доштанд.

Раиси суд Рушанзода С.Р. маҷлисро кушода, рӯзномаи онро эълон намуда, муовинони Раиси суд, судяҳо ва кормандони дастгоҳро таъкид намуданд, ки фаъолияти худро танҳо дар асоси қонун ва принсипи адолат амалӣ намуда, ба кирдорҳои номатлуб-коррупсионӣ даст назананд, инчунин Раиси суд оиди лоиҳаҳои Қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таҷрибаи баррасии парвандаҳо оид ба ҷиноятҳо ба муқобили вайрон кардани қоида ва меъёрҳои истифодаи қувваи барқ”, “Оид ба баъзе масъалаҳо, ки зимни титбиқи санадҳои қонунгузорӣ вобаста ба ҷуброни ҳисороти истифодабарии энергияи барқ ва гармдиҳӣ бармеоянд”, “Дар бораи баъзе масъалаҳое, ки дар таҷрибаи судӣ зимни баррасии парвандаҳо оид ба бартараф кардани монеагӣ ба миён меоянд” баромад карда, қайд намуд, ки лоиҳаи Қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд пурра мавриди омӯзиш карор дода шавад.

Илова бар ин, Раиси суд бо навбат судяҳои суди вилоятро барои баромад намудан вобаста ба лоиҳаи Қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан дод.

Аз ҷониби судя Бобокалонзода З.К. лоиҳаи Қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таҷрибаи баррасии парвандаҳо оид ба ҷиноятҳо ба муқобили вайрон кардани қоида ва меъёрҳои истифодаи қувваи барқ”, судя Искандарзода Ш. лоиҳаи Қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба баъзе масъалаҳо, ки зимни татбиқи санадҳои қонунгузорӣ вобаста ба ҷуброни ҳисороти истифодабарии энергияи барқ ва гармдиҳӣ бармеоянд”, судя Пӯлодӣ Т.С. лоиҳаи Қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи баъзе масъалаҳое, ки дар таҷрибаи судӣ зимни баррасии парвандаҳо оид ба бартараф кардани монеагӣ ба миён меоянд” хонда дода шуд ва дар баромадҳояшон қайд намуданд, ки лоиҳаи Қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар алоҳидагӣ мавриди омӯзиш қарор медиҳанд ва таклифҳояшонро дар шакли хаттӣ пешниҳод менамоянд.

Дар охир, қарори дахлдор қабул гардида, иҷрои он ба шахсони масъул супурда шуд.