Санаи 11 ноябри соли 2025 дар толори суди вилояти Суғд маҷлиси корӣ баргузор гардид. Дар маҷлис роҳбарияти суди вилоят, судяҳо ва кормандони дастгоҳ иштирок доштанд.
Раиси суд Рушанзода С.Р. маҷлисро кушода, рӯзномаи онро эълон намуда, иброз кард, ки дар соли 2025 ба судҳо 17 адад супоришҳои хаттии гуногуни Роҳбарияти Суди Олӣ ворид гардида, мавриди иҷроиш қарор дода шудаанд, инчунин Раиси суд супориши хаттии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикиситон оиди камбудиҳое, ки дар сомонаҳои суди вилоят ошкоргардидаро хонда, қайд намуд, ки камбудиҳои ошкоргардида дар муҳлати кутоҳтарин бартараф карда шавад.
Илова бар ин, Раиси суд қайд намуд, ки ҳамаи супоришҳои хаттии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
дар алоҳидагӣ дар маҷлиси фаврии судяҳо ва кормандони дастгоҳи суди вилояти Суғд мавриди муҳокима қарор дода шуда, раванди иҷроиши онҳо бояд мунтазам дар муҳлат амалӣ гашта, таҳти назорати қатъӣ гирифта, қарорҳои дахлдор қабул карда шавад.
Ҳамзамон Раиси суд шахсони масъули сомонаи суди вилояти Суғдро таъкид кард, ки фаъолияти сомонаи суди вилоятро боз ҳам беҳтар намуда, бахши русии сомонаи судро мунтазам фаъол намоянд.
Дар охир, қарори дахлдор қабул гардида, иҷрои он ба шахсони масъул супурда шуд.