Маҷлиси тантанави бахшида ба 28 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суди вилояти Суғд

Имрӯз 30 августи соли 2019 дар суди вилояти Суғд бахшида ба таҷлили 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.

Дар маҷлиси тантанавӣ роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суди вилоят, судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ва суди ҳарби гарнизони Хуҷанд иштирок намуданд.

Маҷлисро муовини аввали раиси суди вилоят Мирзозода Муҳаммад Шоҳиён ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро бо Ҷашни бузурги миллӣ – Истиқлолияти давлатӣ табрик карда, дар бораи моҳияти Истиқлолият ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ суханронӣ намуданд.

Қайд карда шуд, ки Истиқлолияти давлатӣ неъмати бебаҳо барои ҳар як давлат буда, маҳз Истиқлолияти давлатӣ имкон фароҳам овард, ки миллати шарафманди тоҷик ба комёбиҳои беназир ноил гардад.
Халқи Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои миллат бо дарки баланди масъулиятшиносӣ соҳибихтиёрии давлати худ ва рушду камоли онро таъмин намуда, ҷомеаи дар ҳақиқат демократию ҳуқуқбунёд ва адолатпарварро бунёд карда истодааст.

Дар идомаи маҷлиси тантанавӣ судяҳо ва кормандони дастгоҳи суди вилоят ва суди шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар мавзӯъҳои «Истиқлолият неъмати бебаҳостм Моҳият ва дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ», «Моҳият ва дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ» ва «Дастовардҳои даврони Истиқлолият» маърӯзаҳо намуданд.

Дар интиҳои маҷлиси тантанавӣ муовини якуми раиси суди вилояти Суғд иштироккунандагонро бори дигар бо фарорасии Ҷашни муқаддаси миллиамон шодбош гуфта, кори маҷлисро хотима бахшиданд.