ПАЁМ – РОҲНАМО ДАР СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ КИШВАР

ПАЁМ – РОҲНАМО ДАР СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ КИШВАР

          Паёми имсолаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар собит месозад, ки роҳбарияти давлат ба масъалаҳои гуногуни сиёсати иҷтимоии давлат аз мавқеи арзишҳои умумиинсонӣ назар дорад. Зеро масъалаҳои иҷтимоӣ ифодакунандаи ҳуқуқи инсон ва ба таъмини демократия мусоидат мекунад.

Дар Паёми имсолааш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки “Ман дар вохӯрӣ бо судяҳо моҳи ноябри соли 2019 вобаста ба масъалаҳои таъмини қонуният ва адолати судӣ, тарбияи кадрҳои кордону поквиҷдон ва дорои сатҳи баланди касбият, роҳ надодан ва кирдорҳои коррупсионӣ ва бартарафсозии баъзе камбудиҳои дар фаъолияти мақомоти судӣ ҷойдошта ибрози андеша карда будем ”.

Тавре, Пешвои миллат ин нуқтаро таъкид карданд, мо кормандони, мақомоти судӣ дар фаъолияти худ гуфтаҳои Пешвои миллатро сармашқи кору фаъолияти худ донем.

 

Сатторзода Ҳоматшоҳ

судяи суди вилояти Суғд