18 СОЛ ПАСИ ПАНҶАРА

18  СОЛ  ПАСИ  ПАНҶАРА

Суди сайёри коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди вилояти Суғд нисбати ду нафар сокинони ноҳияи Айнӣ Азизгули Боқимаҳмади 38 сола ва Бобоев Гадойбой Бобоевичи 33 сола ҳарду сокинони деҳаи Вешаби Ҷамоати деҳоти Шамтуҷ парвандаи ҷиноӣ оғоз намуданд. Маълум гардид, ки Азизгули Боқимаҳмад ҷиноятҳои дуздӣ, яъне тасарруффан ниҳонии молу мулки ғайр, бо расонидани зарари ҷиддӣ ба шаҳрванд ва одамкушӣ, яъне қасдан аз ҳаёт маҳрум сохтани одами дигар аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ ва Бобоев Гадойбой бо ҷинояти одамкушӣ, яъне қасдан аз ҳаёт маҳрум сохтани одами дигар маҳкум шуданд. Ҳамзамон коллегияи суди зимни таъин намудани ҷазо татбиқи моддаи 67 қисми 3 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти муҳокима қарор дод. Ваҷҳои судшаванда Азизгули Боқимаҳмад оиди он, ки сабаби содир намудани ҷиноят ин таҳқири сахт оиди алоқаи ҷинсӣ кардани ҷабрдида-марҳум Шониёзов Аюбҷон мебошад, беасос буда, бо маводҳои дар парванда ҷамъовардашуда ва ҳолатҳои дар боло овардашуда рад карда мешаванд. Ваҷҳҳои судшаванда Бобоев Гадойбой оиди он ки ба чунин ҷиноят ӯро Азизгули Боқимаҳмад шарик карда ӯро ба гумроҳї андохтааст, қобили қабул нест, зеро аз нишондоди худи судшавандагон, баёнотҳои намояндаи ҷабрида, шоҳидони кор ва маводҳои дар парванда ҷамъовардашуда гунаҳкории судшаванда Бобоев Г.Б. пурра тасдиқ шудааст. Суд мувофиқи талаботи моддаи 78 қисми 3 КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдири далелҳои шайъиро марбут ба парвандаи ҷиноятї ҳал карда ҳукм баровард. Азизгули Боқимаҳмад бо моддаҳои 244 қисми 2 банди “в” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 104 қисми 2 бандҳои “в,з” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда аз рӯи маҷмӯи ҷиноятҳо бо роҳи қисман кам кардани ҷазоҳо ба Азизгули Боқимаҳмад ҷазои ниҳонии маҳрум сохтан аз озодӣ бо мӯҳлати 18 (ҳаждаҳ) сол бо адо намудани ҷазо дар колонияҳои ислоҳи дорои низоми умумӣ таъин карда шавад. Ба Бобоев Гадойбой Бобоевич бо моддаи 104 қисми 2 бандҳои “в,з” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои маҳрум сохтани аз озодӣ ба мӯҳлати 16 (шонздаҳ) сол бо адо намудани ҷазо дар колонияҳои ислоҳии дорои низоми сахт таъин карда шавад. Ҳамин тарз гунаҳкорон ҷазои сазовори худро гирифтанд.

 

Фирўза Аҳмадзода,

Судяи суди вилояти Суғд