ҶАВОНОНРО ДАР РУҲИЯИ ВАТАНДӮСТӢ ТАРБИЯ НАМОЕМ

Имруз вазъи сиёси кишвар  онро тақозо мекунад, ки ба тарбияи наврасону ҷавонон ва пешгирии онҳо аз гаравиш ба гурӯҳҳои террористӣ, экстремистӣ ва тундгароӣ эътибори махсус диҳем. Аз ин рӯ бояд ҷавононро ба корҳои манфиатнок ҷалб намоему дар тарбияи онҳо аз усули пешқадами замон истифода барем. Ҳамзамон рушди фарҳанг ва худшиносии миллӣ дар тамоми сатҳи ҷомеа таъсири  беандоза ба фаъолияти ҷавонону наврасон дорад.

Ҷомеаи моро зарур аст, ки барои пешгирии зуҳуроти номатлуб ва воридшавии мафкураи бегона ба зеҳни мардум, тавсеаи мафкураи миллӣ, рушди иҷтимоиву сиёсии ҷумҳурӣ, таҳкими иттиҳоди неруҳои созандаи кишвар барои ҳифзи манфиатҳои миллат ва давлат, мубориза бар зидди хурофотпарастиву ифротгароӣ ва ба татбиқи давлатдории миллӣ таваҷҷуҳи бештар дошта бошад. Тавре маълум аст, авҷи терроризм имрӯз дар баъзе минтақаҳои олам дар баробари сабабҳои иқтисодӣ доштан ва бозиҳои геополитикии абарқудратон марбут будан, ҳамзамон, сабабҳои дигаре низ дорад, ки одатан ба муборизаҳо байни мазҳабҳои исломӣ ва амсоли он мекашанд. Яъне роҳи асосии пешгирии шомилшавии ҷавонону наврасон ба ҳаракатҳои тундгаро ташвиқу тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ ва тафаккури миллӣ ба ҳисоб меравад. Танҳо дар сурати чунин тарбия намудани насли навраси миллат мо метавонем ба ояндаи осоишта, ба кишвари озоду обод, ба ватан мардумаш дар ваҳдату ягонагӣ ва зиндагии шоиста эътимоди комил дошта бошем.

Аз ин рӯ, ҷомеаи моро зарур аст, ки имрӯз барои пешгирии омилҳои номатлуб ва воридшавии мафкураи бегона ба зеҳни мардум, тавсеаи мафкураи миллӣ, рушди иҷтимоиву сиёсии ҷумҳурӣ, таҳкими иттиҳоди неруҳои созандаи кишвар барои ҳифзи манфиатҳои миллат ва давлат, мубориза бар зидди хурофотпарастиву афротгароӣ ва ба татбиқи давлатдории миллӣ таваҷҷуҳи бештар дошта бошад. Барои ин кӯшиш ба харҷ додан зарур аст, ки вақти фориғи ҷавонону наврасон ба корҳои беҳуда, аз ҷумла машғуд шудан ба шабакаҳои иҷтимоӣ нагузашта, балки онон ба мутолиаи китоб, машғул гаштан ба варзиш, омӯхтани технологияи замонавӣ ҷалб карда шаванд.

Ба насли ояндасозии кишвар бояд ҳадафҳои нопоки ТТЭ ҲНИ фаҳмонда дода шавад, то ки онҳо дар интихоби роҳи худ дар зиндагӣ роҳгум назананд. Маҳз наврасону ҷавонон нерӯи тавонои кишваранд, ки марзу буми Тоҷикистонро ҳимоя мекунанд, кишварро ободу зебо мегардонанд ва номи Ватани аҷдодиро боз ҳам баланд мебардоранд.

Мафтуна

РАҲМАТИЛЛОЗОДА,

судяи суди вилояти Суғд