ҲИФЗИ ПИРЯХ ВА ЗАХИРАҲОИ ОБӢ

Ба шарофати сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон имрӯз дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари бонуфузи тарғибкунандаи ташаббусҳои глобалӣ дар соҳаи иқлим ва об эътироф шудааст. Аз ин лиҳоз, ташаббусҳои Сарвари давлатамон оид ба ҳифзи пиряхҳо ва ҳалли мушкилоти норасоии об сари вақт аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шуд. Ташаббуси навбатӣ мардумро аз тағйироти ҷиддии табиат ҳушдор дод. Мардум бори дигар дарк карданд, ки пешгирии хатари обшавии пиряхҳо кишварҳои ҷаҳонро водор сохт, ки дар ин самт тадбирҳои таъхирнопазир ва муҳим андешанд.

Иқдоми навбатии Пешвои миллат ҳамчунин қобили таваҷҷуҳ аст, ки тибқи қатънома бори аввал дар таърихи СММ санаи ҷудогонаи Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо эълон гардид. 193 кишвари ҷаҳон ташаббуси Тоҷикистонро пазируфтанд. Ин дар ҳақиқат, эътирофи нуфузи байналмилалӣ ва эътибори баланди сиёсати Пешвои миллат мебошад. Бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат соли 2025 Соли ҳифзи пиряхҳо ва 21-уми март Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо эълон гардидан дастоварди навбатии кишвари мо маҳсуб меёбад. Ҳар яке аз ин ташаббусҳо барои инсоният аҳамияти ҳаётан муҳим доранд. Итминони комил дорем, ки Тоҷикистон таҳти ҳидояти Пешвои миллат, ки ташаббускори қабули ин қарорҳо мебошад, барои бомувафақият амалӣ намудани ҳадафҳои созандаи худ тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳанд. Ҳамзамон, ҷомеаи ҷаҳонӣ дарк кард, ки ҳамаи ин ташаббусҳои созандаи Сарвари тоҷикон ба манфиати аҳли башар буда, ҳалли мушкилоти вобаста ба об ва беҳдошт дар сатҳи глобалӣ ва минтақавӣ равона гардидаанд.

Дар кишвари мо, Тоҷикистон аз соли 1930 то ин дам масоҳати умумии пиряхҳои кишвар тақрибан 30 дарсад коҳиш ёфтаанд. Обшавии солонаи пиряхҳо дар кишвар 10-20 фоиз ва дар солҳои хушку гарм то 70 фоизро ташкил медиҳад. Имрӯз ин ташаббуси Пешвои муаззами миллат бори дигар ҳушдор дод, ки пешгирии якҷояи обшавии пиряхҳо кори дастҷамъона буда, бояд тамоми ҷаҳон ба он ҳисса гузоранд.

Ҳафиззода Тоҷиддин Миралӣ,

           муовини якуми раиси суди вилояти Суғд