ҚАДАМҲОИ МО БОЯД СОЗАНДА БОШАД

Имрӯз мо дар ҷомеае зиндагӣ дорем, ки пур аз тазодҳост. Агар ба дастовардҳои Истиқлолияти миллӣ, ободию осоиштагӣ, сулҳу субот, дастархони пурнозу неъмати мардуми кишвар назар дӯзем, басо бароямон фараҳбахш аст. Ин дастовардҳо инсонро барои ба пеш устуворона қадам ниҳодан илҳом мебахшад. Аммо чӣ хеле, ки изҳор намудем, тазоди чунин дастовардҳо воқеаю ҳодисаҳое аст, ки тинҷию оромии кишварро халалдор месозад. Дар вуҷуди ҷавонон бедор намудани ҳисси хурофотпарстӣ, фарҳанги бегона аз ҷумлаи онҳост.

Моро лозим аст, кӣ барои пешгирии ин амали номатлуб сарҷамъ фаъолият намоем. Ба тарбияи наврасону ҷавонон ва пешгирии онҳо аз гаравиш ба терроризм, экстремизм ва тундгароӣ, инчунин, рушди фарҳанг ва худшиносии миллӣ дар тамоми сатҳи ҷомеа масъул бошем. Аз ин рӯ, ҷомеаи моро зарур аст, ки барои пешгирии омилҳои номатлуб ва воридшавии мафкураи бегона ба зеҳни мардум, тавсеаи мафкураи миллӣ, рушди иҷтимоиву сиёсии ҷумҳурӣ, таҳкими иттиҳоди неруҳои созандаи кишвар барои ҳифзи манфиатҳои миллат ва давлат, мубориза бар зидди хурофотпарастиву ифротгароӣ ва ба татбиқи давлатдории миллӣ таваҷҷуҳи бештар дошта бошад. Бояд зикр кард, ки сабаби рӯ овардани бархе аз ҷавонон ба ин зуҳуроти номатлуб костагии тарбияи оилавӣ, дур мондан аз назорати волидон ва беэътиноии атрофиён мебошад. Муносибати нек ба фаразанд, ҳамсӯҳбати хуб будан ҷавононро аз роҳи бад мегардонад. Қадршиносӣ, шукргузориро ба ҷавонон аз синни кӯдакӣ бояд омӯзонид. Агар ҷавонон ба қадри оила, волидон нарасанд, пас эшон ба қадри Ватану ҷомеа низ нахоҳанд расид.

Аз таҳдиди терроризм ҳеҷ давлат худро эмин дошта наметавонад, аз ин рӯ бояд ҳамаи давлатҳо дар мубориза бар зидди ин зуҳуроти номатлуб якҷоя мубориза баранд.

Имрӯз дар кишвари худ зиндагӣ намуда, нисбат ба тақдири ҷавонон, вазъи имрӯзаи кишвар беэътиноӣ намудан камоли нодонист. Ҳар яки моро лозим аст, ки дар замири ҷавонон ифтихори миллӣ ва Ватану ватандориро бедор созем. Барои пешгирӣ аз паҳншавии ифротгароӣ ва дигар зуҳуроти номатлуби ҷомеа масъул бошем. Дар замони муосир шаклҳои зиёди экстремизм муайян гардидаанд, ки ҳар яке аз онон дорои хусусияти худ мебошад, аммо онҳоро хусусиятҳои тафриқаангезӣ, ноором кардани вазъи кишвар ва дигар ҳадафҳо бо ҳам мепайвандад. Имрӯз сабабҳои шомилшавии шаҳрвандон ба гурӯҳҳои экстремистӣ гуногун аст, аз ҷумла, паст будани маърифати ҳуқуқӣ, ҷой доштани камбудиҳо дар тарбияи оилавӣ, ноогоҳӣ аз ҳадафҳои гурӯҳҳои ифротӣ ва дигарҳо.

Ҳар яки моро лозим аст, ки барои аз ин роҳ нигоҳ доштани онҳо кӯшиш ба харҷ диҳем, баҳри баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии чӣ ҷавонон, чӣ калонсолон ҷидду ҷаҳд намоем. Зеро ҳар як кори мо қадаме ба сӯи ободкорию созандагии кишвар маҳсуб меёбад.

Шавкат ОБИДИЁН,

судяи суди вилояти Суғд