СОҲИБИ ДОНИШИ БАЛАНДИ ҲУҚУҚӢ БОЯД БУД
Дар Паёми навбатии худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2024-ро “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон карданд.
Дар Паём изҳор намуданд, ки он ба ифтихори 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардидааст.
Месазад, ки дар ин самт корҳои зиёд ба сомон расонида шуда, тамоми мардуми кишвар новобаста аз синну сол, дониши сиёсӣ маърифати ҳуқуқии худро мустаҳкам созанд.
Имрӯз махсусан кормандони ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни давлатиро зарур аст, ки дар ин самт корҳои зиёдеро ба сомон расонанд.
Дар муассисаҳо ташкил намудани машғулиятҳо, семинарҳо ва курсҳои омӯзишӣ баҳри баланд шудани тафаккури ҳуқуқии ҳам ҷавонон ва ҳам мутахассисон мусоидат хоҳад кард.
Имрӯз мо дар замоне умр ба сар мебарем, ки дар ҷаҳон ҳизбу ҳаракатҳои гуногуни террористӣ амал менамоянд. Онҳо бо ҳар тарзу усули ба худ хос кӯшиш менамоянд, ки ба тафаккури ҷавонон таъсири худро расонида, онҳоро гумроҳ созанд ва ба гурӯҳҳои террористӣ шомил намоянд.
Махсусан, шаҳрвандони кишвари мо дар хориҷ дар муҳоҷирати меҳнатӣ, дур аз назорати волидон қарор доранд ва ба қавле, каме беаҳамиятӣ, беназоратӣ ба тақдири онҳо метавонад боис шавад, ки онон фирефтаи доми гурӯҳҳои ифротӣ шаванд.
Ҷавонони имрӯза ба маконҳои ҷангзадаю харобгардида назар афканда, худ бояд эҳсос намоянд, ки ин хунрезию ҷаҳолат маҳз туфайли амалҳои нопоки террористону экстремистон ба вуқӯъ омадаст.
Ҳар як шаҳрванди кишварро зарур аст, ки аз ҷангзадагию нобасомонии кишварҳои бегона ба худ хулосаи даркорӣ бароварда, баҳри ободӣ, осоиштагӣ ва якпорчагии Тоҷикистони азиз саҳми худро гузоранд. Зеро ободию осоиштагии кишвар, сарсабзию шукуфоии он аз ҳар яки мо вобастагии калон дорад.
Бахтиёр Бобоҷонзода,
Судяи суди вилояти Суғд