ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТЕРРОРИЗМ ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБИ ҶОМЕА

Терроризм ва экстремизм яке аз муаммоҳои глобалии ҷаҳони муосир гардида, хавфу хатаре, ки аз ин падидаҳои номатлуби ҷомеа дар тамоми гӯшаву канори ҷаҳон cap мезананд, чӣ гуна мушкилотҳоро ба аҳолии курраи замин эҷод намуда истода, ҳамзамон ба арзишҳои милливу муносибатҳои иқтисодӣ, инчунин сатҳу сифати зиндагонии мардуми тамоми кишварҳои дунё зарбаҳои харобиовар мезананд.

Албатта, мақсаду мароми терроризм ва экстремизм, инчунин ғояҳои он ҳамчун падидаи номатлуб, оқибатҳои нангин, ҳамзамон коштани тухми тарсу ҳарос ва маҳв намудани арзишҳои милливу коста намудани маърифати ҳуқуқӣ буда, инчунин пешбурди муборизаи беамон бар зидди терроризм ва экстремизму ҳизбу ҳаракатҳои тундрав дар баромадҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо қайд гардидаанд.

Созмонҳои террористи бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ ва бо роҳи тафсиру ғаразноки сарчашмаҳои динӣ дар мафкураи ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳ ғояҳои тундгароиро ҷой карда, онҳоро бо қатлу куштор, барҳам задани амният ва суботу оромӣ дар мамлакатҳои гуногун ташвиқ менамоянд. Аз ин лиҳоз, сохтору мақомоти марбутаро зарур аст, ки дар роҳи ташвиқу тарғиби тундгароии динӣ садди устувор гузошта, ҷавононро ба ҳушёриву зиракӣ ҳидоят кунанд ва онҳоро дар руҳияи садоқат ба халқу Ватан ва эҳтиром ба арзишҳои умумиинсонӣ тарбия намоянд. Шарти муҳими ба даст овардани муваффақият дар мубориза бо терроризм ва экстре­мизм фаъолияти ҳамоҳангшудаву босамари мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва тақвияти зинаҳои ҳуқуқии танзимкунанда ва фаъолияти онҳо дар ин самт мебошад.

Воқеан, масъалаҳои марбут ба пешбурди мубориза бо чунин зуҳуроти хароби­овар ба амсоли терроризм ва экстремизм таҳти таваҷҷуҳи ҳамешагии Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад, зеро омилҳои мазкур пойдории ҳар як давлатро заиф сохта, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт, маф­кураи ҷомеаи шаҳрвандӣ ва инчунин дигар самтҳои мухталиф рахна мезанад. Муҳимияти пешбурди мубориза бо ин падидаҳои номатлуб дар он зоҳир мегардад, ки терро­ризм ва экстремизм ва оқибатҳои он, яке аз муаммоҳои мудҳиштарини замони муосир ба шумор меравад, тамаддуни мо низ бархурдор гаштааст. Ин муаммо ҳам ба кишварҳои мутараққӣ ва ҳам ба кишварҳои дар раванди гузариш қарордошта, таъсири манфии хешро мерасонад. Ҳақиқати ҳоли замони муосир нишон дод, ки терроризм ва экстремизм ба амнияти аксари давлатҳои дунё таҳмил мекунад ва оқибатҳои пастравии бузурги сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавиро дорад, зеро ягон давлат ва ягон шаҳрванд аз ин падидаҳои номатлуби ҷомеаи имрӯза худро эмин нигоҳ дошта наметавонад.

Имрӯзҳо дар дунё ба микдори зиёд гуруҳҳои ғайриқонунии террористӣ ташкил гардида, онҳо фаъолияти хешро паҳн на­муда истодаанд ва мақсади асосии онҳо ин ноором намудани вазъ бо истифода аз гояҳои экстрмистӣ ва ҷалби бештари пайравон дар сартосари ҷаҳон мебошад. Дар шароити замони муосир ҳаракатҳо ва гуруҳҳои ашхоси тундгаро хеле ва хеле зиёд шуда, хусусиятҳои инсонбадбинӣ тараққӣ ёфтааст. Чӣ тавре, ки мо тавассути ВАО мушоҳида менамоем, терроризм аллакай дар сатҳи ҷаҳонӣ ривоқёфта, хусусияти умумиҷаҳонӣ, яъне глобалиро касб намудааст. Дар гузаштаи на он қадар дур дар бораи терроризм ҳамчун зуҳуроти минтақавӣ ҳарф мезаданд. Аммо солҳои 80 — 90 уми асри гузашта, он ба зуҳуроти байналмилалӣ мубаддал гаридида, сабаб дар он аст, ки тӯли ин солҳо дар натиҷаи ҷаҳонишавии муносибатҳои байнидавлатӣ ва ҳамкориҳои бисёрсоҳавии факторҳои муносибатҳои байналхалқӣ шароити хуб фароҳам оварданд. Нигаронии ҷомеаи ҷаҳонӣ нисбат ба фаъолнокии ҳаракатҳои террористӣ дар он аст, ки ҳамасола зарари моддӣ ва маънавие, ки аз тарафи иҷрокунандагони террор расонида мешавад, ҷони ҳазорон нафар шаҳрвандони оддиро қурбон менамояд ва ҳисоротҳои беҳисоби иқтисодиро низ ба бор меоварад, ки ин нишондодҳои манфиро низ мо тариқи расонаҳои иҷтимоӣ мушоҳида намуда истодаем.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди мустаҳкам намудани истиқлолияти сиёсиаш бо ин заҳурот рӯ ба рӯ гардида, ҳодисаҳои мудҳиши солҳои аввалини истиқлолият ва баъдан ҷанги шаҳрвандӣ то ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллӣ, ки санаи 27 — уми июни соли 1997 сурат гирифта буд, ба терроризатсияи соҳаҳои гуногун ошно гаридид. Дар замони муосири ҷаҳон нақши давлатҳо дар бартараф намудани зуҳуроти терроризм ва экстремизм хеле назаррас аст, аз ин рӯ аз тарафи ҳукумати Тоҷикистон ва Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин омил хуб дарк гардида, пешниходҳои амиқи конструктивӣ дар арсаи байналмилалӣ пешниҳод гардида истодаанд. Мисоли ин гуфтаҳо баромадҳои сершумори роҳбари давлат дар конфронсу ҷамъомадҳои байналми­лалӣ, гузашта аз ин ин масъалаҳо дар зимни Паёмҳо ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ гардида, ин дурандешӣ ва воқеабинона назар кардани роҳбарияти сиёсии Тоҷикистонро ба масъалаҳои ҷаҳонӣ инъикос менамояд. Аз суханрониҳои Пешвои миллат бармеояд, ки терроризм ҳамчун зуҳуроти ҷамъиятӣ — сиёсӣ чӣ дар давлатҳои бузург ва чӣ дар давлатҳои хурдро ба изтироб оварда, дар ин ҷода фаъолияти дастаҷамъонаи давлатҳои гуногуни дунё аз қитъаҳои гуногун мувофиқи мақсад мебошад.

Дар робита ба мавзӯъ гуфтаниям, ки соҳибихтиёрии давлати Тоҷикистон неъмати бузургест, ки миллати тоҷик ба он пас аз садсолаҳо комёб шудааст. Аз ин рӯ соҳибихтиёрии ватани азизамонро қадр кардан, пойдории сулҳро устувор гардонидан ва ҳифзи онро таъмин намудан вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди бонангу номуси тоҷик буда, мо бояд ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, бобати пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизба ҳаракатҳои номатлуб ва экстремистиро гирифта, дар партави сиёсати хирадмандона ва некбинонаи Асос­гузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои мил­лат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастаҷамъона чораҷӯӣ намоем

 Ашурзода Нурулло Абдувосит,

судяи суди вилояти Суғд