ДАВРАИ НАВИ РУШДИ ҶОМЕА

Ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо давраи нави тараққиёту рушдро паси сар мекунад.

Аз ин рӯ, баландбардории маърифати ҳуқуқии сокинон яке аз самтҳои муҳими сиёсати Ҳукумати ҷумҳурӣ маҳсуб ёфта, асоси бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ аст, ки сарчашмаи он Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш гуфтанд: «Дар раванди бунёди ҷомеаи мутамаддину адолатнок масъалаи ташаккули маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон нақши калидиро мебозад».

Сиёсати давлатӣ дар ин самт аз рӯи якчанд ҳуҷҷатҳои ҳуқуқӣ қабулу татбиқ мешаванд, ки ҳадафи асосии онҳо риояи Конститутсия ва меъёрҳои ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, рушди эҳсоси масъулиятшиносӣ ва ватандӯстӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, таъмини дастрасӣ ба усулҳои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд, тарғиби арзишҳои демократӣ, дарки ягонагии ҳуқуқ, озодӣ ва ӯҳдадории инсону шаҳрванд, таъмини иштироки фаъолонаи аҳолӣ дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар, баланд бардоштани мақоми қонун, тарбияи шаҳрванд дар руҳияи эҳтироми қонун, таҳқими боварии ҷомеа ба фаъолияти мақомотҳои ҳокимияти давлатӣ аз ҷумла, суд мебошад.

Ҳамин тариқ, дар асоси андешаҳои болоӣ қайд кардан мумкин аст, ки ҳадафи асосии давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳуқуқбунёд ва адолати иҷтимоӣ ба ҳисоб меравад. Бунёди ин гуна ҷомеа танҳо дар натиҷаи баланд бардоштани маърифаи ҳуқуқии сокинон даст медиҳаду халос.

Ногуфта намонад, ки маърифати ҳуқуқӣ сатҳи таърихии рушди ҷомеа маҳсуб ёфта, ифодакунандаи қувваи эҷодӣ ва қобилияти инсон, ҳамбастагии узви ҷомеа дар таҳияи арзишҳои моддиву маънавист. Тарбияи ҳуқуқии инсон бошад, ҷузъи ҷудонашавандаи фарҳанги ахлоқ ба ҳисоб рафта, дар минаи он сохтори дониш муайянкунандаҳои арзишӣ дар асоси эътирофу эҳтироми қадру қимати инсон, ҳуқуқу озодӣ, ҳамчунин, соҳиби малакаву маҳорат будан ҳисобида мешавад, ки онҳоро ба таври васеъ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ ҷорӣ кардан лозим аст.

Маърифати ҳуқуқӣ дар заминаи донишҳои ҳуқуқӣ ва амалияи ҳуқуқии инсон зоҳир мешавад. Яке аз элементҳои тарбияи ҳуқуқӣ риоя кардани қонун ва муайян сохтани меъёрҳои қонунгузории кишвар дар амалияи ҳаррӯза аст, ки бешак, ба натиҷаи дилхоҳи баландбардории фарҳанги ҳуқуқии аҳолӣ оварда мерасонад.

Аз ин рӯ, метавон гуфт, ки эҳтиром қонун яке аз талаботи асосии ҷомеаи ҳуқуқбунёд, самаранок амал кардани сохтори сиёсиву ҳуқуқӣ дар қаламрави мамлака аст.

Дар ниҳоят гуфтан месазад, ки эълон шудани «Соли 2024-Соли маърифати ҳуқуқӣ» давраи нави рушди ҷомеа ба ҳисоб рафта, маърифати ҳуқуқӣ дар ҷомеаи демократӣ ва таъмини волоияти қонуну тартибот нақши калидӣ дорад.

Ҳоҷизода Мирзошариф Мирзораҳмат,

раиси Суди вилояти Суғд