2024 – СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ

Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон яке аз вазифаҳои муҳимтарин ва аввалиндараҷаи кишварҳое мебошад, ки роҳи бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёдро интихоб намудаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қисми якуми моддаи 1-и Конститутсияи мамлакат давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон шудааст. Арзишҳои гуфташуда собит менамоянд, ки дар таърихи инсоният онҳо аз арзишҳо дар самти таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд беҳтар дониста мешаванд.

Президента Ҷумҳурии Точикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои 90-ум масъалаи баланд бардоштани сатҳи маърифати хуқуқӣ ва таъмини тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони мамлакатро хеле муҳим ва мубрам ҳисобида, 9 апрели соли 1997 Фармон «Дар бораи сиёсати ҳуқуқӣ ва таъмини тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул намуданд. Ин фармон бо мақсади таъмини волоияти қонун дар ҷомеа, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ва пешгирии қонунвайронкуниҳо қабуд шуд.

Точикистони соҳибистиқлол ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии табақаҳои гуногуни ҷомеа тадбирҳои заруриро амалӣ намуда, дар ин самт якчанд санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул намудааст. Чунончи, Фармони Президента Ҷумхурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳкими ҷараёни демократикунонии ҳаёти ҷамъиятӣ-сиёсӣ дар ҷумҳурӣ» аз 1 декабри соли 1999, қарорҳои Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон «Дар бораи баъзе чораҳои беҳтар намудани тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ва кори ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ» аз 22 августӣ соли 1997, дар бораи «Барномаи низоми давлатии омӯзиши ҳуқуқи инсон дар Ҷумхурии Тоҷикистон» аз 12 июни соли 2001, «Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2013-2020» аз 3 декабри соди 2012 ва ғайра.

Ҳамзамон Сарвари давлат дар идомаи суханронӣ ёдовар шуданд, ки «Конститутсия ва қонунҳое, ки давоми чанд соли охир қабул шудаанд, асоси тозаи низоми ҳуқуқӣ гузоштанд, ки аз нигоҳи моҳияту мазмунашон дар муқоиса бо қонунҳои давраи гузашта комилан нав ҳастанд. Дарку фарогирии ин падидаҳои ҳуқуқӣ ва идомаи ислоҳоти соҳаи ҳуқуқ ҳам аз шаҳрвандон ва ҳам аз мақомоти давлатию ғайридавлатӣ тақозо менамояд, ки муносибати худро дар ин самт ба куллӣ тағйир диҳанд».

Бинобар ин, дар Паёми навбатии соли 2023 парламент, вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат муваззаф гардиданд, ки барои тарғиби дониш ва тавсеаи ҷаҳонбинии ҳуқуқии аҳолии мамлакат фаъолона саҳм гузоранд.

Воқеан, тарғибу ташвиқи донишҳои ҳуқуқӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони мамлакат кори саҳлу осон набуда, меҳнату заҳмати бешро тақозо месозад. Аз ин лиҳоз, даъвати Роҳбари давлат аз ҳамаи мақомоту муассисаҳои давлатӣ ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар масъалаи баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии мардум хусусан маърифати ҳуқуқии ҷавонон муҳим ва саривақтӣ мебошад.

                                           Нигора НАЗАРИЁН,

судяи суди вилояти Суғд