ҶАШНИ ПУРИФТИХОРИ ТОҶИКОН
Аввалин парчами қадимаи тоҷикон «Дирафши Ковиён» ном дошт, ки он ҳамчун рамзи ваҳдат ва ягонагии давлатдории ориёӣ қабул шудааст.
Миллати тамаддунсози тоҷик дар давраҳои гуногуни таърихӣ соҳиби парчамҳои бисёру гуногун буд. Таърих гувоҳ аст, ки парчам дар таърихи давлатдории тоҷикон, алалхусус дар замони давлати овозадори Сомониён таҷассуми давлату давлатдории ин миллати куҳанбунёд буд.
Эҳтироми парчам эҳтироми миллат ва давлату давлатдорӣ аст. Ин аст, ки дар даврони истиқлол барои боз ҳам боло бурдани нуфуз ва эҳтироми Парчами миллӣ дар ҷомеа, бахусус, миёни ҷавонон аз тарафи Ҳукумати мамлакат тадбирҳои назаррас амалӣ мешаванд.
Аз файзи истиқлол ва неъматҳои муқаддаси сулҳу ваҳдат имрӯз Парчами миллӣ ифодакунандаи иқболу истиқлол, иттифоқу сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми куҳанбунёду фарҳангии мо буда, волотарин мақсаду мароми тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст.
Парчами миллӣ, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми табрикии худ ба истиқболи ин ҷашн онро яке аз рамзҳои давлатдории тоҷикон аз қадимулайём унвон кардаанд, дар ҳақиқат арзандаи эҳтирому мояи ифтихори ҳар фарди меҳанпарвар аст.
Рӯзи Парчам дар қатори ҷашнҳои нави миллӣ фаромӯшнопазир ва рӯзи ифтихору сарфарозӣ аст. Худи парчам барои миллат эътибору шараф ва барои Ватан як нишони муқаддас аст.
Борҳо шоҳиди он гаштем, ки дар тамоми минтақаҳои гуногуни ҷаҳон мардум дастоварди худро маҳз бо парафшон намудани байрақи миллӣ истиқбол мекунанд. Ин намунаи олии ватандориву муқаддасоти миллӣ будани онро бозгӯ мекунад.
Санаи қабули Рӯзи Парчам ҳамчун ҷашни умумимиллӣ бори нахуст 24-уми ноябри соли 2009 бо ифтихор аз давлату давлатдорӣ ва соҳибистиқлоливу соҳибихтиёрӣ таҷлил гардид.
Таҳти ин дирафши аҷдодӣ миллати арҷманд садҳо ва ҳазорҳо сол саф кашида, аз Ватану миллат, озодиву номус, дину фарҳанг ва муҳимтар аз ҳама, аз марзу буми поки падарони худ ҳимоя кардаанд.
Шаҳриёр ИСКАНДАРЗОДА,
судяи суди вилоят,
Нуриддин НУРАЛИЗОДА,
котиби маҷлиси суди Суди вилоят