МАҚОМИ ЗАН ДАР МЕҲВАРИ ПАЁМ

Паём, яъне сухани самимии Пешвои миллат ба ҳар як ҳамватан, пайҳоми пурифтихори насли имруз 6а наслҳои фардо ва садои баланду созандаи давлату миллати Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад.

Паём аҳамияти муҳими сиёсӣ, назариявӣ, илмӣ, таҳлилӣ, ояндабинӣ ва амалиро доро буда, чун қутбнамо барои муайянсозӣ ва тадбиқи амалии ормонҳои миллӣ хизмат менамояд.

Ироаи Паём дар шароити соҳибистиқлолии ватани азизамон Тоҷикистон, муҳимтарин комёбӣ дар ҷодаи давлатдории миллӣ буда, ҳамасола ба ҳукми анъана даромадааст.

Дар баробари таҳлили фаъолияти сохторҳои давлатии мамлакат дар соли 2024 саҳми назарраси зано­ну бонувон низ дар рушди бемайлони соҳаҳои мухталифи хоҷагии халк, иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷумхурӣ мавриди натиҷагирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифт.

Албатта, мавзӯи Зан — Модар ва мақому манзалати он дар ҷомеа, яке аз муҳимтарин арзише мебошад, ки тамоми олимону донишмандон, шоирону нависандагон ва умуман инсоният атрофи он андешаҳои худро баён намуда, мухаббату садоқати хешро бо ҳар роҳу равиш изҳор намудаанд.

Дар ин замина метавон тазаккур дод, ки миллати соҳибфарҳанг ва тамаддунсози тоҷик дар тӯли таърих дар боби эҳтиром гузоштан ба мақоми Зан – Модар ва ташкили оилаи солим таҷриба ва анъанаҳоеро эҷод кардааст, ки онҳо барои наслҳои имрӯзу фардо чун ҷузъи муҳимтарини маънавиёт ва мактаби беҳтарини зиндагӣ ба шумор мераванд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи эҳтиром гузоштан ба мавқеи занону бонувон дар маркази таваҷҷуҳи давлату Ҳукумат, алалхусус Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, пайваста баҳри дастгирӣ, гиромидошт ва ҷовидонии ин мояи офариниш, талош меварзанд.

Нақшаи занону бонувон дар пойдории сулҳу субот, ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ, дар ниҳоди фарзандон тарбия намудани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, инсондӯстиву масъулиятшиносӣ, инчунин, пешгирӣ кардани омилҳои номатлуби иҷтимоӣ муассир аст.

Аз ин рӯ ҳар як зан, модар ва фарди солимақли ҷомеаро зарур аст, ки аз ин ғамхориҳои давлату Ҳукумат, алалхусус Пешвои муаззами миллат ҷиҳати баланд бардоштани мақоми Зан – Модар бархӯрдор бошанд ва ҷавобан ба ин гуна дастригиҳо дар рушди ҷомеа, бахусус тарбияи насли солим, худшиносу худогоҳ, ватандӯст, саҳми арзанда гузоранд.

Набизода Наргис Ҳаким,

судяи суди вилояти Суғд