Паём-Роҳнамо
Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аъзоёни Маҷлиси миллии кишвар ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ нигаронида шудааст, вале он ҳар як шаҳрванди Тоҷикистонро бетараф нагузошт. Дар Паёми имсола фаъолияти давлати соҳибистиқлоли мо дар дохил ва муносибатҳои байналхалқӣ мавриди таҳлили амиқ қарор гирифт. Аз як ҷониб, комёбиҳои як соли сипаришуда, ки дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ бо далелҳо собит гардиданд, мардуми меҳнатқарини кишварро руҳбаланд кард. Хусусан ба андозаи 10% зиёд шудани нафақаи калонсолон ва 30% афзудани маоши соҳаҳои буҷетӣ, аз ҷумла, олимону омӯзгорон нишони тинҷиву осоиштагӣ ва тахқими пояҳои давлатдории тоҷикон дар вазъи нооромии бемисл ва даргириҳои фоҷиаовар дар миқёси ҷаҳон мебошад.
Паёми Президентро на танҳо узви мақомоти олии қонунгузори мамлакат — Парлумон, балки намояндагони тамоми шохаҳои ҳокимият ва сохторҳои идоракунӣ – вазорату идораҳо, муассисаҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, намояндагони сафоратхонаҳои давлатҳои хориҷӣ, васоити ахбори умум, тамоми аҳли ҷомеа, умуман кулли шаҳрвандони мамлакат тамошо карда, ба суханронии роҳбари давлат чун барнома, ҳидоятнома таваҷҷуҳи амиқ ва хоса зоҳир менамоянд. Аз Паёми шунидашуда маълумот, далелу рақамҳои нав, иттилооти муҳим ба даст меоранд ва барои фаъолияти минбаъдаи хеш дастуру супоришҳои мушаххас мегиранд. Аз Паёми имсола дар қатори дастовардҳо корҳои дарпешистода низ мушаххасан вазифагузорӣ шуданд. Намояндагони соҳаҳои хоҷагии халқ, касбу кори гуногун, аз сардор то коргари одӣ вазифаҳои худро тибқи боз ҳам беҳтар кардани натиҷаҳои фаъолияти касбии худ идрок намуданд. Аз ҷумла, дар Паём таъкид гардид, ки омӯхтан ва дар фаъолияти касбии худ ба кор бурда тавонистани забонҳои хориҷӣ, бахусус забонҳои маъруфи англисию русӣ талаби айём аст.
Ҳафиззода Тоҷиддин Миралӣ,
муовини якуми Раиси суди вилояти Суғд