ДАВИ МИЛЛӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ҶАВОНОН

 

Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон рӯзи 18-уми майи соли 2025 Дави миллӣ ва мусобиқаи велосипедронӣ эълон гардид. Кормандони суди вилояти Суғд дар ин чорабинии ҷумҳуриявӣ фаъолона ширкат варзиданд.

Бояд қайд кард, ки рӯзи Дави миллӣ ва мусобиқаи велосипедронӣ бо мақсади ба роҳ мондани тарзи ҳаёти солим, тарғиби ҳамаҷонибаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, чун ҳамасола дар қаламрави кишвар баргузор мегардад.

Дар шаҳри Хуҷанд иштирокчиёни Дави миллӣ ва велосипедронҳоро аз назди КВД Маҷмааи ҳавзҳои шиноварии 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон сар карда тавассути хиёбони ба номи Раҳим Ҷалил ва пули «Ҷашнӣ» то хиёбони ба номи Раҳмон Набиев ҳаракат карданд.

Дар охир ба иштирокчиёни фаъол сипосномаву туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.