САРЧАШМАИ РУШДУ ПЕШРАФТ

Ҷашни Ваҳдати миллӣ барои миллати мо баробари Истиқлолияти давлатӣ арзиши баланди таърихӣ дорад.

Агар Истиқлолият барои мо мустақилияту соҳибихтиёриро ҳадя карда бошад, ваҳдат сарчашмаи сарҷамъиву рушду пешрафту ободиву созандагии Ватан аст. Маҳз бо ҷаҳду талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кишвари азизи мо, ки қариб ба нестӣ рафта буд, сулҳу суботи комил ва ваҳдати миллӣ пойбарҷо шуд.

Ҳарчанд расман тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” 27 – уми июн рӯзи баимзорасии Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ҳамчун Рӯзи Ваҳдати миллӣ дониста шудааст, вале оғози он аз Иҷлосияи таърихии 16 – уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз интихоб шудан ва баромади пурмӯҳтавову таъсирбахшу ватандӯстонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад.

Роҳбари давлат барои расидан ба ҳадафи олӣ ва амалӣ намудани суханони  гуҳарбори хеш “ Ман ба Тоҷикистон сулҳ меорам” беш аз чаҳор сол бо гузашту бахшишҳо, хиради баланди дурандешонаву таҳаммулпазирона кӯшиш намуданд ва бо мактаби сулҳоварии худ шӯҳрати ҷаҳонӣ ёфтанд.

Имрӯз хушбахтона, Тоҷикистони азизро чун кишвари амну субот ва рӯ ба рушд тамоми давлатҳои ҷаҳон шинохтаву эътироф намудаанд ва муносибатҳои дипломатӣ дорад.

Пешниҳодҳои Сарвари давлат аз минбарҳои баланди созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ садо дода, пуштибонӣ ёфтаанд ва амалӣ гардида истодаанд, ки боиси ифтихори ҳар як тоҷикистонӣ аст.

Корҳои созандагиву бунёдкорӣ, аз қабили сохтмону бунёди корхонаҳои саноатӣ баҳри таъсиси ҷойҳои нави корӣ, муассисаҳои таълимиву табобативу варзишӣ, таъмиру мумфаршкунии роҳҳо дар маркази шаҳру ноҳияҳо ва деҳаву маҳал аз ҷониби соҳибкорони баору номусу сокинони маҳал, биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ, гулкорӣ намудани қади роҳҳову боғҳои фароғативу фарҳангӣ аз шукргузории мардуми шарафманди кишвар аз осмон софу беғубор ва Ваҳдати миллӣ башорат медиҳад. Бошад, ки Ваҳдати миллии мо ҷовидон, мардуми шарафмандамон шоду хонаашон обод бод.

                                                   Шӯҳрат МАҲМАДНАЗАРӢ,

судяи Суди вилоят