ҲИФЗИ СУЛҲУ ОРОМӢ

Дар паёми навбатӣ ба ҳифзӣ сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ диққати махсус дода шудааст. Ҳадафҳои асосии Паёми созанда таъмини истиқлолияти энергетикӣ, истифодаи сарфакоронаи барқ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, рушди фарҳангу маориф, ҳифзи амнияти озуқаворӣ, дастрасии аҳолаии мамлакат ба ғизои хушсифат, пайдо кардани ҷойҳои нави корӣ буда, ҳамаи онҳо барои некӯаҳволии мардум нигаронида шудааст. Ҳар кадом аз бандҳои ин Паём, ки дар навбати аввал ба кулли ҷомеа нигаронида шудааст, дорои муҳтавои амиқи сиёсиву тарбиявӣ буда, ҳамзамон ба соҳаҳои муҳими мамлакат, монанди илм, маорифу тандурустӣ низ равона шудааст.

Тоҷикистони маҳбуби мо соҳибистиқлол ва мардуми шарифи кишвар соҳибидавлати озоду соҳибихтиёр буда, дар фазои Ватани азизамон хуршеди истиқлол партавафшонӣ мекунад ва бо нурҳои ҳаётбахши худ дилу нияти бунёдкоронаи мо, манзилу маъво ва имрӯзу фардоямонро мунаввар мегардонад. Файзу баракат ва нерӯи истиқлолият аст, ки мо имрӯзҳо ба истиқлолияти энергетикӣ расидем ва аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ ёфтем. Халқи тоҷик дар муддати начандон тӯлонӣ ба дастовардҳо ноил гашта, фаъолияти созандаи худро ба иҷрои самтҳои стратегӣ равона кард.

Мусаллам аст, ки қадршиносӣ ва ҳурмату эҳтироми  Зан-Модар яке аз самтҳои авзалиятдоштаи сиёсати давлату Ҳукумат буда, пайваста дар он ғамхориҳои Пешвои миллат эҳсос карда мешавад. Ин масъала дар Паёми имсола низ зери таъкидҳои пайваставу хирадмандонаи Президенти маҳбуби кишвар қарор дошт. Дар ин замина, ба мақому манзалати занону бонувон ва нақши онҳо дар эъмори давлати муосири тоҷикон  аҳамияти махсус дода шуд. Таъкид гардид, ки занон дар ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон нақши созгор дошта, дар ҳамаи соҳаҳо фаъолият доранд.

Имрӯз ҳар яқи моро лозим аст, ки ба қадри Зан-Модар расем ва эҳтироми ӯро ҳамчун бародар, ҳамчун фарзанд ба ҷо орем. Дар умум метавон гуфт, ки дар Паёми Сарвари давлат ба ҳамаи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишварамон таваҷҷӯҳи зиёд дода шуда, роҳу усулҳои самарабахши танзиму таҳкими онҳо муайян  шудаанд.

Таъкиду ҳидоятҳои Пешвои миллат дар Паёми имсола дастурамали мукаммали рушду ободонии кишвари азизамон буда, воқеан раҳнамунсозу мушкилкушои ҳамаи қишрҳои ҷомеа мебошанд.

Бале, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша дар рушди такомул аст ва хушбин метавон буд, ки мо дар тамоми соҳот ба пешравиҳо ноил мегардем.

                                                               Бадриддин ШАРИФЗОДА,

                                                                              судяи Суди вилоят