ҶАЛАСАИ РАЁСАТИ ҶАМЪБАСТИИ СУДИ ВИЛОЯТ ВА СУДҲОИ ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ ВИЛОЯТИ СУҒД ДАР НИМСОЛАИ ЯКУМИ СОЛИ 2025

Санаи 4 июли соли 2025 дар шаҳри Хуҷанд дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, ҷаласаи Раёсат масъалаи ҷамъбасти фаъолияти суди вилояти Суғд ва судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар давоми нимсолаи якуми соли 2025 баргузор гардид.

Дар ҷаласаи Раёсат Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Р.П., раис ва муовинони раиси суди вилояти Суғд, раисон, моувинон ва судяҳои судҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок намуданд.

Ҷаласаи мазкурро Раиси суди вилояти Суғд Рушанзода С.Р. кушода, рӯзномаи онро эълон намуда, суханро ба Раиси Суди Олӣ Мирзозода Р.П. дод.

Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи Раёсат оид ба масоили марбут ба татбиқи босамари адолати судӣ, риояи қонуният, таҳкими интизоми хизматӣ ва баланд бардоштани сатҳи тахассусии судяҳо суханронӣ намуда, суханро ба маърӯзачиён дод.                         

Муовинони раиси суди вилояти Суғд вобаста ба ҷамъбасти фаъолияти суди вилояти Суғд дар давоми нимсолаи якуми соли 2025 ва роҳбарони судҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят оид ба натиҷаҳои фаъолияти судҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят дар шаш моҳи сипаригардида маъруза намуда, сабабу омилҳои баррасии саривақтӣ ё бо таъхир, ҳолатҳои бекоршавии қарорҳо ва дигар нишондиҳандаҳоро мавриди таҳлил қарор доданд.

    

Дар охир ҷаласаи Раёсати суди вилояти Суғд ва судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бо қабули қарори Раёсат ҷамъбаст гардид.