МАҶЛИСИ КОРӢ
Имрӯз, 14 июли соли 2025 дар толори Суди вилояти Суғд маҷлиси корӣ баргузор гардид. Дар маҷлиси мазкур роҳбарияти суди вилоят, судяҳо ва кормандони дастгоҳ иштирок доштанд.
Раиси суд Рушанзода С.Р. маҷлисро кушода рӯзномаи онро эълон намуда, аз ҷониби Раиси суд супориши хатии муовини якуми Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди пешгирии терроризм экстремизм, муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм хонда эълон карда, қайд намуд, ки барои пешгирӣ намудани ҷиноятҳои террористӣ ва экстремистӣ, маблағгузории терроризм тамоми чораҳои қонуниро андешида, дар вохурию суҳбатҳо бо аҳолӣ, баромад дар садо ва симо, чопи мақолаҳо масъалаи мазкурро таҳлил намуда, аҳли ҷомеаро ба ватандустӣ хештаншиносӣ ҳидоят кардан зарур аст.
Инчунин дар рафти вохурию суҳбатҳо бо аҳолӣ тавсия дода шавад, ки фарзандони худро дар руҳияи ватандустӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ тарбия намуда, фарзандонашон, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд, оқибатҳои ногувори маблағгузории террористиро фаҳмонида диҳанд.
Илова бар ин, раиси суди вилоят ба муовинон ва судяҳои суди вилоят хотир расон намуд, ки парвандаҳои ҷиноятии мазкур (ба истиснои махфӣ) бештар дар маҷлисҳои сайёри судӣ гузаронида шуда, дар сурати ҷой доштани асосҳои кофӣ таъиноти хусусӣ қабул намудан аз манфиат холӣ нест. Ҳамаи роҳу усулҳоро барои муқовимат ба терроризм ва экстремизм пешгирии ин ҷиноятҳо истифода бурдан лозим аст.
Дар охир, қарори дахлдор қабул гардида, иҷрои онҳо ба шахсони масъул супурда шуд.