СЕМИНАРИ ҲАРМОҲАИ СУДЯҲО ВА КОРМАНДОНИ ДАСТГОҲҲОИ СУДҲО

Санаи 25 июли соли 2025 дар маҷлисгоҳи суди вилояти Суғд семинари омӯзишии соҳавӣ баргузор гардид. Дар семинари мазкур муовини якуми раиси суди вилояти Суғд Ҳафиззода Т.М., раиси суди иқтисодии вилояти Суғд Мирзозода П.Т., судяҳои суди вилояти Суғд, раисону муовинони судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ва кормандони дастгоҳи суди вилоят ва судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд иштирок намуданд.

Дар семинари мазкур аз ҷониби судяҳо оид ба мавзуъҳои хусусиятҳои хоси баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ марбут ба ҷиноятҳои расонидани зарари молу мулкӣ бо роҳи фиреб ё сӯиистифодаи боварӣ, вайрон кардани қоида ва меъёрҳои истифодабарии қувваи барқ, омӯзиш ва таҳлили муносибатҳои ҳуқуқӣ вобаста ба таъмини энергия ва оқибатҳои вайрон кардани шартҳои шартнома оид ба энергия. Таҳлили таҷрибаи судӣ баррасии парвандаҳои маданӣ оид ба рӯёнидани ҳаққи истифодаи қувваи барқ ва гармӣ, омӯзиши Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон бобҳои 15,16,17,18,19, 20, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ вобаста ба қоидаҳои бехатарии ҳаракат дар роҳ ва истифодаи воситаҳои нақлиёт (моддаҳои 312, 313, 316, 326 иловаи 1, 328 қисми 1, 329 қисмҳои 1 ва 2, 332, 333 қисмҳои 1 ва 3, 334, 336 қисми 2, 337 ва 339 қисми 2 КҲМ ҶТ), тобеияти идоравии парвандаҳо ба судҳои иқтисодӣ ва судҳои салоҳияташон умумӣ, таҳлили сабабҳои тағйирёбӣ ва бекоршавии санадҳои судӣ маърӯзаҳо намуданд.

Инчунин кормандони дастгоҳ оид ба аҳамияти умумиҷаҳонии ташаббусҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, омӯзиши Дастурамали баҳисобгирии омории ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта ва феҳристи чунин ҷиноятҳо (Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.11.2007, №600 аз 01.03.2019, №85),Тартиботи меҳнатӣ ва интизоми меҳнат тибқи муқаррароти Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷазои интизомӣ (шарҳи моддаи 62 КМ ҶТ), омӯзиши Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, (Фармони Президента Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августа соли 2021, № 222) ва субъектҳои ҳуқуқӣ муроҷиат ба судҳои иқтисодӣ баромад намуданд.

Чорабинии мазкур бо мақсади баланд бардоштани иқтидор, донишҳои ҳуқуқӣ ва такмили малакаҳои амалии судяҳо ва кормандони мақомоти судӣ ташкил шуда, ба иҷрои талаботи қонунгузории амалкунанда ва беҳтарсозии хизматрасонии судӣ равона гардидааст.