ҶАЛАСАИ КОРӢ
Санаи 05 августи соли 2025 дар толори суди вилояти Суғд ҷаласаи корӣ баргузор гардид. Дар ҷаласаи мазкур роҳбарияти суди вилоят, судяҳо ва кормандони дастгоҳ иштирок доштанд.
Муовини якуми раиси суд Ҳафиззода Т.М. ҷаласаро кушода рӯзномаи онро эълон намуда, қайд намуданд, ки тибқи нақшаи корӣ дар моҳи август гузаронидани ҷамъбастиҳои амалияи судӣ, бо парвандаҳои ҷиноятӣ, маданӣ, оилавӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ пешбини шудааст, ки иҷроишашон аз ҷониби шахсони масъул бояд, саривақт таъмин карда шавад ва аз натиҷаи ҷамъбастиҳо пешниҳодҳо ирсол карда шаванд.
Илова бар ин, муовини якуми раиси суди вилояти Суғд аз судяҳо дар алоҳидагӣ талаб намуданд, ки парвандаҳои ҷиноятӣ ва мадании дар истеҳсолаташон ба сифати марҳилаи якум қарордоштаро саривақт баррасӣ намоянд, зеро муҳлатҳои пешбининамудаи қонун барои баррасии парванда ба охир расида истодааст.
Инчунин таъкид намуданд, ки таъинот ва қарорҳои парвандаҳои дар марҳилаи кассатсионӣ баррасишударо бо сифат таҳия намуда, саривақт супоранд ва ба кашолкорӣ роҳ надиҳанд.
Дар охир вобаста ба иҷрои ҷазоҳои ҷаримаи дар соли 2024 бо парвандаҳои ҷиноятӣ таъиншуда таъкид намуданд, ки саривақт иҷроишро таъмин намуда, масъалаи ба дигар намуди ҷазо иваз намудани онро ҳал намоянд. Ҷаримаҳои дар соли 2025 таъиншударо низ назорат бурда дар сурати имконнопазир будани иҷроиш ё саркашӣ намудани маҳкумшудагон аз пардохти ҷазои ҷарима он ба дигар намуди ҷазои вазнинтар иваз карда шавад.