ОЯНДАИ МИЛЛАТ АЗ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ ФАРЗАНД АСТ

Бақои оила ва сарчашмаи асосии хушбахтӣ  фарзандон  мебошанд. Як давлати дорои ояндаи пурсаодат низ ҳамон  мамлакатеро  метавон ном бурд, ки наслҳои ояндаи он тарбияи хуб дошта,  сазовори  бовариянд. Таълиму тарбияи  чунин наслҳои ояндасоз танҳо дар доираи арзишҳои миллӣ ва арзишҳои умумибашарӣ  имконпазир аст, ки Қонуни ҶТ “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак чунин шакли  тарбияро имхонпазир гардонидааст.

Ояндаи миллат вобаста ба таълиму тарбияи фарзанд аст, аз ин хотир волидони имрӯзаро мебояд зиракии сиёсиро аз даст надода, пайваста дар талош бошанд, ки баҳри дар рӯҳияи насли наврас ба вуҷуд овардани ҳисси меҳандӯстиву худшиносии миллӣ асос гузоранд. Дар амалӣ намудани меъёрҳои қонуни мазкур бетараф набуда, баръакс кӯшиш намоянд, ки дар чаҳорчӯбаи он амал намоянд, зеро ин Қонун тамоми масьалаҳои таълиму тарбияро дар бар мегирад ва як меъёри ёрирасон барои волидайн дар таълиму тарбияи фарзанд гашта аст.

Мавриди зикр аст,  ки дар Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулият барои таъ­лиму тарбияи кӯдак» на танҳо ӯҳдадориҳои падару модар, балки ӯҳдадориҳои омӯзгор,  мақомоти давлатӣ,  шахсони воқеӣ, ҳукуқӣ, муассиса ва дигар ташкилотҳое, ки масъалаҳои вобаста ба таълиму тарбияро баррасӣ мекунанд, дарҷ  гардидааст. Аммо нақши асосиро дар қонуни мазкур ӯҳдадориҳои падару модар мебозад, ки мантиқан бояд чунин ҳам бошад. Чуноне ки Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд: “Дар ҳамаи зинаҳои таълиму тарбия ва такмили ахлоқу маънавият масъулияти асосӣ бар дӯши падару модар аст. Зеро падару модар дар сартаҳи ташаккули андешаву эҳсос ва рушди ҷаҳонбинии кӯдак қарор доранд, фарзандон дунёро бо чашму дили онҳо мебинанду мешиносанд ва муносибати худро ба олами атроф, қабл аз ҳама, аз дидгоҳи падару модар муайян мекунанд”.

Дар пайвастагии мутақобилаи се ниҳоди иҷтимоӣ оила, мактаб ва ҷомеа таълиму тарбия рӯҳу равони воқеӣ пайдо мекунад. Аммо ба ин се ниҳод фазои  иттилоотӣ,  муҳити атроф, ки дар натиҷаи раванди ҷаҳонишавӣ вусъати азиме пайдо кардааст, таъсири зиёд мерасонад. Аз ин рӯ, Қонуни ҶТ “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак”, ки ба урфу одат ва хусусиятҳои миллии мо асос ёфтааст ва аз ҳуқуқҳои табии инсон сарчашма гирифта, ба зиндагии мардум созгор мебошад, дар рушди зеҳнии насли солиму созанда нақши муҳимеро иҷро намуда истодааст. Татбиқи қонуни мазкур дар асоси ҳусусиятҳои миллии мо ба ниҳодҳои номбурда имкон медиҳад, то ба ҳама гуна зуҳуроти номатлуб, гаравидан ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо тақлиди фарҳанги бегона ва дигар падидаҳои зараровари ҷомеаи муосир истодагарӣ намоянд. Хусусан дар солим нигоҳ доштани  мафкураи ноболиғон қонуни мазкур нақши созанда дорад. Боиси таъкид аст, ки 20 июни соли 2024 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” қабул гардида,  он аз 7 боб ва 25 модда иборат мебошад.

Ин қонуни ниҳоят муҳим бо тағйиру иловаҳои ворид кардашуда водор месозад, ки ҳар як шахсе бояд ба қадри арзишҳои миллати худ расад ва дар масъалаи таълиму тарбияи фарзан­дон бетафовут набошад. Онҳоро дар рӯҳияи баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ифтихор аз Ватану ватандорӣ тарбия намояд. Дар навбати худ мақомоти давлатӣ  низ бояд ба падару модарон ҷиҳати тарбияи дурусти наслҳои оянда мусоидат намуда, дар миёни наврасону ҷавонон тарзи ҳаёти солимро мунтазам тарғиб намоянд. Зеро татбиқи қонуни мазкур вазифаи ҷонии нафақат падару модарон ва мураббиёну омӯзгорон, балки тамоми ҷомеа аст.

НАБИЗОДА Наргис Ҳаким,

      судяи суди вилояти Суғд