МАҶЛИСИ КОРӢ

Санаи 18 августи соли 2025 дар толори Суди вилояти Суғд маҷлиси корӣ баргузор гардид. Дар маҷлис роҳбарияти суди вилоят, судяҳо ва кормандони дастгоҳ иштирок доштанд.

Раиси суд Рушанзода С.Р. маҷлисро кушода рӯзномаи онро эълон намуд. Раиси суд номгуи Нақшаи дохилиидоравиро хонда, қайд намуд, ки Нақшаи дохилиидорвӣ қатъиян ба иҷро расонида шуда, хар як бандҳои он дар корбари истифода карда шавад.

Ҳамчунин, раиси суди вилоят ба роҳбарият ва судяҳои суди вилоят хотиррасон намуд, ки чопи мақоллаҳо дар рӯзнома, баромадҳо тавассути ахбори омма дар мавзӯи фаҳмондадиҳии Конситутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақши ҳокимияти судӣ дар ҷомеа, терроризму экстремизм ва дар бораи қонунҳои миллӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”  анҷом дода шавад.

Инчунин раиси сули вилоят қайд намуданд, ки ҳангоми баррасии парвандаҳо ба кашолкорӣ роҳ дода нашуда, интизоми меҳнат қатъиян риоя карда шавад.

Дар охир, қарори дахлдор қабул гардида, иҷрои онҳо ба шахсони масъул супурда шуд.