СЕМИНАРИ ҲАРМОҲАИ СУДЯҲО ВА КОРМАНДОНИ ДАСТГОҲҲОИ СУДҲО

Санаи 28 ноябри соли 2025 дар маҷлисгоҳи суди вилояти Суғд семинари омӯзишии соҳавӣ баргузор гардид. Дар семинари мазкур Раиси суди вилояти Суғд Рушанзода С.Р., раиси суди иқтисодии вилояти Суғд Мирзозода П., муовинони раис ва судяҳои суди вилояти Суғд, раисон, муовинон ва судяҳои судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ва судяҳои суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд, инчунин кормандони дастгоҳи суди вилоят ва судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд иштирок намуданд.

Пеш аз оғози семинар, Раиси суди вилояти Суғд Рушанзода С.Р. Ифтихорномаҳое, ки аз ҷониби Раиси суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Мирзозода Р.П. ба як қаттор раисони судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд пешниҳод карда шудааст, тақдим кард ва аз он ҷумла ба Раиси суди вилояти Суғд Рушанзода С.Р. низ аз ҷониби Раиси суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ифтихорнома пешниҳод карда шуда, онро муовини якуми раиси суди вилояти Суғд Ҳафиззода Т.М. ба раиси суди вилоят тақдим кард.

Дар идома, семинари мазкурро Раиси суди вилояти Суғд Рушанзода С.Р. кушода, эълон намуд.

Дар семинари мазкур аз ҷониби судяҳо дар мавзӯҳои “Хосияти хоси банду басти кирдор ҳангоми тайёри ба ҷиноят, сӯиқасди ҷиноят ва ҷинояти хотимаёфта ва нотамом (моддаҳои 32 ва 33 КҶ) аз ҷумла, ҳангоми маҷмӯи ҷиноятҳо ва таъини ҷазо барои чунин кирдорҳо (моддаи 64 КҶ) дар робита ба Қарори Пленуми Суди Олӣ №1 аз 24 феврали соли 2024 Дар бораи таҷрибаи аз ҷониби судҳо татбиқ  намудани асосҳои умумии таъини ҷазо”, “Таҷрибаи судӣ оид ба баррасии парвандаҳои маданӣ вобаста ба баҳсҳое, ки зимни ба эҳтиёҷоти давлат ва ҷамъият гирифтани қитъаи замин ба миён меоянд, ҷуброни бартарафсозӣ, кӯчонидан аз хонаи истиқоматӣ, уҳдадор намудан барои бастани созишнома, ки дар солҳои 2023-2024 ва семоҳаи якуми соли 2025 баррасӣ шудаанд”, “Меросгири тибқи қонун. Таҳлили масъалаи воқеан қабул намудани мерос ва мӯҳалти қабули мерос (Боби 71 КМ ҶТ)”, “Ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар соҳаи қонунгузории гумрук (моддаҳои 577, 5981, 578 қисмиҳои 1,2 ва 4, 579 қисми 1, 596 ва 597 КҲМ ҶТ)”, “Боздоштани истеҳсолоти парванда дар марҳилаи якум, қатъи парванда ва созиши оштӣ” ва таҳлили сабабҳои тағйирёбӣ ва бекоршавии санадҳои судӣ маърӯзаҳо намуданд.

Инчунин кормандони дастгоҳ дар мавзӯҳои “Асосҳои ташкили судҳои иқтисодӣ, рушд ва дастовардҳои он”, “Шарҳи моддаи 267 КММ ҶТ. Парвандаҳое, ки суд бо тартиби мурофиаи махсус баррасӣ менамояд (мисолҳо аз таҷрибаи судӣ)”, “Омӯзиши боби 2-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон (Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд). Баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 90 КҲМ ҶТ”, “Хусусиятҳои хоси баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ марбут ба ҷиноятҳои расонидани зарари молу мулкӣ бо роҳи фиреб ё сӯистифодаи боварӣ (моддаи 253 КҶ), вайрон кардани қоида ва меъёрҳои истифодабарии қувваи барқ (моддаи 2531 КҶ)”, “Омӯзиши Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” баромад намуданд.

Чорабинии мазкур бо мақсади баланд бардоштани иқтидор, донишҳои ҳуқуқӣ ва такмили малакаҳои амалии судяҳо ва кормандони мақомоти судӣ ташкил шуда, ба иҷрои талаботи қонунгузории амалкунанда ва беҳтарсозии хизматрасонии судӣ равона гардидааст.