МАҶЛИСИ КОРӢ

Санаи 1 декабри соли 2025 дар толори суди вилояти Суғд маҷлиси корӣ баргузор гардид. Дар маҷлис роҳбарияти суди вилоят, судяҳо ва кормандони дастгоҳ иштирок доштанд.

Раиси суд Рушанзода С.Р. маҷлисро кушода, рӯзномаи онро эълон намуда, қайд намуд, ки зимни ифтитоҳи бинои нави Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 5.12.2024 сол, Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо судяҳои ҷумҳурӣ мулоқот анҷом доданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баромадашон қайд намуданд, ки дар қатори муваффақиятҳо, дар фаъолияти судҳои ҷумҳурӣ камбудиҳо низ ҷой доранд. Аз ҷумла бекоршавии санадҳои судӣ, дар муҳлат баррасӣ накардани парвандаҳо, ба тарафҳо саривақт насупоридани санадҳои судӣ, арзу шикоятҳои шахсони воқеӣ ва намояндагони шахсони ҳуқуқӣ низ зиёд шудааст.

Инчунин қайд карданд, ки ба Дастгоҳи иҷроияи Президент нисбат ба дигар мақомотҳо, ба фаъолияти мақомоти судӣ, арзу шикоятҳо зиёд ворид мегарданд. Илова карданд, ки дар фаъолияти судҳо ҳоло ҳам омилҳои коррупсионӣ ҷой дорад. Ҳамзамон судяҳо ҷаримаҳои маъмуриро беасос кам менамоянд. Дастури қатъӣ доданд, ки ду Қонуни миллӣ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” ба аҳоли аз ҷониби судяҳо фаҳмонда шуда, қонунвайронкуниҳо дар ин самт пешгирӣ карда шавад.

Раиси суд илова кард, ки дар фаъолияти суди вилоят ва судҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят камбудиҳои зикршуда низ ҷой дорад ва таъкид намуд, ки камбудиҳои зикршуда бартараф карда шавад.

Дар охир, қарори дахлдор қабул гардида, иҷрои он ба шахсони масъул супурда шуд.