ФАЙЗИ ҚАДАМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ
Дар урфият мегӯянд: подшоҳ файзи қадам дорад. Дурустии ин ҳикмати мардумиро мо дар фаъолияти бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебинем. Зеро ҳар сафари кории Пешвои муаззами миллат ба гӯшаву канори кишвари соҳибистиқлоламон мӯҷиби ободиву сарсабзиҳо мегардад. Чанд рӯз қабл вилояти овозадори Суғди бостон аз файзи қудуми Роҳбари олимақоми кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гул андар гул шукуфт.
Хоса, рӯзи аввали сафари кориашон ба шаҳри бостонии Хуҷанд, ки ба фаъолияти як қатор муассисаҳои иҷтимоиву истеҳсолӣ, фарҳангиву иқтисодӣ дар маркази маъмурии вилояти Суғд-шаҳри бостонии Хуҷанд фотеҳаи нек доданд, натанҳо табъи сокинони ин шаҳри қадима, ҳамзамон меҳмонони онро болида сохт.
Аз ҷумла, ба фаъолият оғоз кардани ду корхонаи саноатии истеҳсоли маҳсулоти ширии «Комплекси агросаноатии Саховат» бо иқтидори дар як шабонарӯз коркарди 10 тонна шир ва истеҳсоли 12 намуди маҳсулот ва 30 ҷойи корӣ, ҳамзамон корхонаи банду басти меваи «Донаи алмос» бо иқтидори коркарди 2 ҳазор тонна мева дар як моҳ ва бо 40 ҷойи корӣ мӯҷиби афзун гардидани маҷмӯи истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ — саноатикунонии мамлакат гардид.
Иловатан, эътибори таваҷҷуҳи Пешвои муаззами миллатро ба тарбияи насли наврас махсус таъкид карданӣ ҳастам, ки ба шарофати дастуру ҳидоятҳои созандаашон дар қаламрави кишвар теъдоди муассисаҳои томактабӣ меафзоянд.
ДАЛЕЛИ ин гуфтаҳо ба фаъолият ҳусни оғоз бахшидани Пешвои муаззами миллат Муассисаи томактабии хусусии «Кӯдакистони Арча» дар соҳили рости Хуҷанд аст, ки ба таври инноватсионӣ бунёд шудааст.
Аз ин пас 500 тифлаки замони соҳибистиқлол-фарзандони маҳаллаи 7-уми шаҳр, ки кӯдакистон надошт, бо тарбияи махсус фаро гирифта мешаванд. Ин қадаме ба пеш баҳри иҷрои дастури созандаи Роҳбари олимақоми давлат нисбат ба ҳар 100 оила сохта ба истифода додани як боғчаи бачагона аст.
Дар маҷмӯъ, дар сафари навбатии Роҳбари олимақоми давлат наздик 30 иншооти таъиноташон гуногун мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд, ки ин ҳамаро метавон файзи қудуми Пешвои миллат номидан мумкин аст.
Суҳроб РУШАНЗОДА,
раиси Суди вилояти Суғд
Суди вилояти Суғд 