МАҶЛИСИ КОРӢ
Имрӯз, 11 декабри соли 2025 дар толори суди вилояти Суғд маҷлиси корӣ баргузор гардид. Дар маҷлис роҳбарияти суди вилоят, судяҳо ва кормандони дастгоҳ иштирок доштанд.
Раиси суд Рушанзода С.Р. маҷлисро кушода, рӯзномаи онро эълон намуда, супориши хаттии муовини якум Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро хонда қайд намуд, ки Роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи
суд, санаи 16 декабри соли 2025, соати 10:00 дар толори суд ҷаъм шуда, дастаҷамъона Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро тавассути телевизион тамошо намоянд.
Илова бар ин, Раиси суд таъкид намуд, ки ишитроки муовинони Раиси суд, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд ҳатмист.
Дар охир, қарори дахлдор қабул гардида, иҷрои он ба шахсони масъул супурда шуд.
Суди вилояти Суғд 