Маҷлиси корӣ
Санаи 4 марти соли 2026 дар толори суди вилояти Суғд маҷлиси корӣ баргузор гардид. Дар маҷлис роҳбарияти суди вилоят, судяҳо ва кормандони дастгоҳ иштирок доштанд.
Раиси суд Рушанзода С.Р. маҷлисро кушода, рӯзномаи онро эълон намуда, барқияи ҳукуматиро хонда, қайд намуд, ки аз 7 то 9 марти соли 2026 ва аз 20 то 29 марти соли 2026 дар бинои суди вилоят навбатдори шабонарӯзи ташкил карда шуда, ба масъалаҳои амнияту тартиботи ҷамъиятӣ ва бехатари аз сухтор аҳмияти зарурӣ дода шавад.
Илова бар ин, Раиси суд иштирокчиёни маҷлисро хотиррасон намуд, ки аз 21 то 29 марти соли 2026 дар
доираи баргузории ҷашни байналмилалии Наврӯз фаъолона иштирок карда, ҷашни байналмиллалии Наврӯзро дар сатҳи баланд пешвоз гирифта, ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе, шанбегӣ гузаронида шуда, гирду атроф ва дохили бинои суди вилоят тозаю озода карда шавад. Дар вохӯрию суҳбатҳо дар қатори дигар масъалаҳо масъалаи пешвозгирии ҷашни байналмиллалии Наврӯз фаҳмонида шуда, корҳои фаҳмонидадиҳӣ дар ин самт ва бахшида ба таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз ҳам ҷоннок карда шавад.
Инчунин, Раиси суди вилоят оиди пешниҳоду таклифҳо ба лоиҳаи “Барномаи рушди ҳокимияти судӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи солҳои 2027-2030” баромад намуда, қайд кард, ки роҳбарият ва судяҳои суди вилоятро лозим аст, ки то санаи 27 марти соли 2026 фикру мулоҳизаҳои худро мавриди муҳокима қарор дода, сипас ба Суди Олӣ пешниҳод намоянд.
Дар охир, қарори дахлдор қабул гардида, иҷрои он ба шахсони масъул супурда шуд.
Суди вилояти Суғд 
