АЗ ҚАБУЛИ БАРНОМА ТО ТАТБИҚИ ОН

Фарҳанги ҳуқуқии шаҳрвандон яке аз муайянкунандаи асосии дараҷаи рушди маънавии ҷомеа буда, суботи иҷтимоӣ, фазои солими ахлоқӣ, муҳити ороми ҷамъиятӣ, таҳкими пояҳои қонуният ва тақвияти рукнҳои адолату ҳамзистии осоишта ба он робитаи мустаҳкам дорад.

Хусусияти ҳуқуқбунёдӣ доштани давлат низ танҳо дар сурати мавҷудияти сатҳи баланди фарҳанги ҳуқуқӣ ба таври барҷаста ифода меёбад. Бо назардошти он ки роҳи асосии таҳкими фарҳанги ҳуқуқии шаҳрвандон рушди маърифатнокии ҳуқуқӣ, аз наврасон то ба ҷавонону насли калонсоли аҳли ҷомеа аст, айни ҳол дар кишварамон Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030 мавриди амал қарор дорад.

Тавре аз номи ин барнома бармеояд, он маърифати ҳуқуқиро таълим медиҳад, фарҳанги ҳуқуқиро бошад, тавассути тарбия баланд бардоштан мумкин аст. Яъне дар роҳи ташаккули насли дорои савияи баланди донишҳои ҳуқуқӣ, ки ҳамзамон маданияти волои ҳуқуқӣ низ дорад, маҷмӯи чорабиниҳо ва таъсиррасониҳои хусусияти омӯзишӣ, иттилоотӣ, тарғиботӣ ва шарҳдиҳию тавзеҳотидошта байни қишрҳои гуногуни аҳолӣ ҳам дар зинаҳои гуногуни муассисаҳои таълимӣ, байни ҷомеаҳои меҳнатӣ дар шакли баргузории сӯҳбату вохӯрӣ ва мизҳои мудаввар, инчунин бо истифода аз минбари воситаҳои ахбори омма — радиову телевизион ва рӯзномаву маҷаллаҳо банақшагирӣ ва татбиқ мешаванд.

Суоле ба миён меояд, ки таъ­лим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон, ки самараю маҳсул ва натиҷаи ниҳоии он ба камол расонидани насли аз нигоҳи шуурнокии ҳуқуқӣ соҳибмаърифат ба шумор меравад, чӣ медиҳад ва ё чӣ нафъ дорад?

Посух ба ин савол то кадом андоза нақши ҳалкунанда ва ҷойгоҳи муҳим доштани чигунагии дараҷаи маърифатнокии ҳуқуқиро дар инкишофи давлатдории миллӣ муайян ва давлатдории миллӣ муайян ва мушаххас хоҳад намуд.

Ҳамзамон, ҷавоби ин суол дар банди панҷуми Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030, ки бо Қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ аз 27-уми ноябри соли 2019, таҳти №599 тасдиқ гардидааст, ба таври возеҳу равшан сабт гардидааст, ки онро барои хонандаи гиромӣ фаҳмотар шарҳ медиҳем.

Қабл аз ҳама бояд гуфт, маърифати ҳуқуқӣ ба шаҳрвандон имкон медиҳад, ки аз ҳуқуқҳои худ истифода баранд, ҳамзамон дар ҷодаи эътироф, риоя ва таъмини ҳуқуқи худу дигарон масъулият дошта бошанд, бо такя ба ҳуқуқҳояшон ба таъмини волоияти қонун дастрасӣ пайдо намоянд. Маҳз дар ҳамин хусусиятҳо арзиши воло дош­тани ҳуқуқу озодиҳои инсон таҷассуми баръало меёбад. Хусусан, ҷавонон дар ҳамин марҳилаи синнусолие, ки қарор доранд, бояд масъалаи васеъ намудани донишҳои ҳуқуқии худро дар меҳвари марказии талошҳояшон қарор диҳанд. Зеро, маҳз дар айёми ҷавонӣ ташак­кули шаҳрвандони аз диди ҳуқуқӣ маърифатдошта ва соҳибдониш ҷараёни фаъол касб намуда, мукаммалшавии шуурнокии ҳуқуқиро дар марҳилаи минбаъдаи умри инсон осонтар ва самараноктар месозад.

Шукӯҳи давлат танҳо аз мавҷудияти шаҳрвандони соҳибдонишу соҳибфарҳанг ва шуурнокиашон баланди ҳуқуқибуда меафзояд. Бо такя ба аҳолии аз лиҳози ҳуқуқ маърифатнок нерӯ, захира ва сармояи инсонии давлат мустаҳкам гардида, татбиқи стратегияҳои рушди миллӣ ба маҷрои бонизом ва умедбахш ворид мешавад. Чунин ҳолат ба вусъати тараққиёти иқтисодӣ боис шуда, дараҷаи некӯаҳволии мардум бамаротиб боло мера­вад. Аз нигоҳи нуфузи байналмилалӣ бошад, давлате, ки аҳолиаш соҳибмаърифати ҳуқуқианд, ба шумори кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон шомил мегардад.

Бо назардошти чунин муҳимият ва аҳамияти хос Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавзӯи таваҷҷуҳ ва чораҷӯии натиҷабахш дар арсаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии аҳолиро доимо дар мадди назари хеш қарор дода, иқдому ташаббусҳои зиёдеро ба миён гузоштанд, ки мавриди ҷонибдории ҳаматарфа ва ризоияти аҳли ҷомеа қарор гирифтааст.

Таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ беш аз ҳама ба сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва маданияти ҳуқуқии шаҳрвандон алоқамандии зич дорад, ки то куҷо ҳисси эҳтиром ба қонун ва ё худ ҳисси қонунпазирӣ доранд. Зеро, бе иштироки шаҳрвандони фаъол, ки аз ҳуқуқҳои худ бохабаранду ба ҳуқуқҳои дигарон эҳтиром мегузоранд, сохтмони давлати ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ғайриимкон аст.

Суҳроб РУШАНЗОДА,

раиси Суди вилояти Суғд