НАҚШИ БОНУВОН ДАР ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК

Дар ҷомеаи муосир масъалаи таълиму тарбияи насли наврас ҳамчун омили калидии рушди устувори давлат мавқеи махсус дорад. Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ дар соли 2025 таъкид шуд, ки рушди ҷомеа бидуни аҳмияти баланд додан ба тарбияи маънавӣ ва ахлоқии кӯдакон ғайриимкон аст. Аз ин рӯ нақши занон, хусусан модарон ва омӯзгорзанон, дар ташаккули шахсияти насли наврас ва тарғиби арзишҳои миллӣ хеле бузург мебошад.

Модар нахустин мураббӣ ва омӯзгори кӯдак ба ҳисоб меравад. Ҳар гоҳ кӯдак ба дунё меояд, муҳити оила ва рафтори модар омили асосӣ барои ташаккули ҷаҳонбинии ӯ мешавад. Муҳаббат, ғамхорӣ, тарбияи ахлоқӣ ва намунаи рафтори модар асоси сохтани шахсияти солим ва масъулиятшиноси кӯдакро фароҳам меорад. Тавре ки дар Паёми Пешвои миллат зикр гардид, тарбияи дурусти кӯдак аз оилаи солим оғоз  мешавад ва модар нақши меҳварӣ дар ин раванд дорад.

Ҳамзамон, нақши занон дар муассисаҳои таълимӣ низ бениҳоят муҳим аст. Омӯзгорзанон дар мактабҳои миёна ва муассисаҳои томактабӣ на танҳо дониш меомӯзонанд,  балки тарзи ҳаёт, одоби муошират, эҳтиром ба меъёрҳои ахлоқӣ ва фарҳанги миллӣ ва масъулиятро низ ба кӯдак меомӯзонанд. Боиси ифтихор аст, ки дар тамоми Тоҷикистон ҳазорҳо омӯзгорон ба масъулияти баланд ба таълиму тарбияи насли наврас машғуланд ва саҳми онҳо дар рушди ҷомеа ниҳоят арзанда аст.

Назар ба таҳаввулоти замон, занон на танҳо дар оила ва мактаб, балки дар ҷомеаи васеътар низ нақши тарбиятгаронро мебозанд. Иштироки онҳо дар ташкилоти ҷамъиятӣ, лоиҳаҳои иҷтимоӣ ва барномаҳои фарҳангӣ ба баланд бардоштани маърифати кӯдакон ва тарғиби арзишҳои миллӣ мусоидат мекунад. Ин раванд на танҳо шахсияти кӯдак, балки ҷомеаро низ солим ва мутамаддин месозад.

Нақши занон дар таълиму тарбияи кӯдак вазифаи танҳо оилавӣ нест, балки амали иҷтимоӣ ва миллӣ мебошад. Бо татбиқи ҳидоятҳои Паёми Пешвои миллат дар соли 2025, дастгирии модарон ва омӯзгорзанон, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва тарбияи маънавии мо метавонем насли босавод, ватандӯст ва дорои ахлоқи ҳамида тарбия намоем. Зани худогоҳ ва бофарҳанг — кафили оила ва ҷомеаи солим, ҳамчунин омили асосии рушди устувори давлат мебошад.

Абрунисо МИРАСИЛЗОДА,

судяи суди вилояти Суғд