Муҳокимаи ҷамъбастии амалияҳои судӣ

Баҳри иҷрои нақшаи кории суди вилояти Суғд санаи 13 апрели соли 2026 дар толори суди вилояти Суғд маҷлиси корӣ вобаста ба муҳокимаи ҷамъбастии амалияи судӣ баргузор гардид. Дар маҷлис роҳбарияти суди вилоят, судяҳо ва кормандони дастгоҳ иштирок доштанд.

Муовини раиси суд Зарифӣ Ф.Н. маҷлисро кушода, қайд намуд, ки тибқи Нақшаи кории суди вилояти Суғд, ҷамъбастии амалияи судӣ аз ҷониби муовини раиси суд Раҳматиллозода М. ва судяҳои суди вилояти Суғд Аҳмадзода Ф. ва Ашурзода Н.А. гузаронида шудааст.

Дар навбати худ, муовини раиси суди вилояти Суғд Раҳматиллозода М. оиди ҷамъбасти амалияи судӣ вобаста ба баррасии парвандаҳои оилавӣ дар бораи аъзои оилаи молик эътироф намудан ва маскун кардан ба манзили истиқоматӣ, ки дар соли 2025 аз ҷониби судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд баррасӣ гардидаанд, маърӯза намуд.

Инчунин, судяи суди вилояти Суғд Аҳмадзода Ф. оиди ҷамъбасти амалияи судӣ вобаста ба баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ бо моддаҳои 109 ва 117 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар соли 2025 аз ҷониби судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд баррасӣ гардидаанд, маърӯза намуд.

Ҳамчунин, судяи суди вилояти Суғд Ашурзода Н.А. оиди ҷамъбастии амалияи судӣ вобаста ба баррасии парвандаҳои оилавӣ оиди талаб карда гирифтани молу мулк, ки дар соли 2025 аз ҷониби судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд баррасӣ гардидаанд, маърӯза намуд.

Дар охир маърӯзачиён қайд намуданд, ки барои бартараф намудани камбудиҳои ошкоршуда, ба суроғаҳои муайян пешниҳодҳо ирсол карда шуда, ҷамъбастиҳои мазкур дар машғулияти семинарии судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳо низ муҳокима карда мешавад.