МАҶЛИСИ КОРӢ
Санаи 7 апрели соли 2026 дар толори суди вилояти Суғд маҷлиси корӣ баргузор гардид. Дар маҷлис роҳбарияти суди вилоят, судяҳо ва кормандони дастгоҳ иштирок доштанд.
Раиси суд Рушанзода С.Р. маҷлисро кушода, супориши Раиси Суди Оли Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди баррасии парвандаҳои оилавӣ вобаста ба кам кардани синни никоҳиро хонда, қайд намуд, ки судяҳоро зарур аст, зимни баррасии чунин қабил парвандаҳо, ҳолатҳои воқеии парвандаро дуруст муайян намуда, аз ҷумла ба ҳолатҳои истиснои аҳмияти ҷиддӣ диҳанд.
Илова бар ин, Раиси суд хотиррасон кард, ки мӯҳлати баррасии ин қабил парвандаҳо аз рӯи қонун се моҳ буда, зарурияти
саросемавор дар мӯҳлати як рӯз ё зиёдтар аз он баррасӣ намудани парвандаҳо ҷой надорад ва роҳбарияту судяҳои суди вилоятро таҳкид намуд, ки зимни баррасии чунин парвандаҳо дар суди марҳилаи кассатсионӣ аҳмияти ҷиддӣ дода, ҳамаи ҳолатҳои воқеии парвандаро мавриди санҷиш қарор дода, санади асоснок ва қонунӣ қабул намоянд.
Инчунин Раиси суд супоришҳои роҳбарияти Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди тақвият бахшидан ба раванди коргузорӣ дар шакли электронӣ таввасути Низоми янгонаи гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ ва пешниҳод намудани ҷиҳати пешбурди феҳристи ягонаи электронии молу мулки давлатиро хонда, қайд кард, ки роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи судро зарур аст, ки Дастурамал ва дигар қарорҳои зикршударо пурра омӯхта барои ҳар чӣ зудтар гузаштан ба Низоми ягонаи гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ омода шаванд.
Ҳамчунин Раиси суд, қайд намуд, ки роҳбарият ва судяҳои сарпарастро зарур аст, ки назорат оиди гузаштан ба Низоми ягонаи
гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ, коргузорӣ дар шакли электронӣ дар судҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят қатъӣ ба роҳ монда, барои гузаштан ба ин Низом мусоидат намоянд.
Раиси суд шахсони маъсулро хотиррасон кард, ки моликияти давлатие, ки дар тавозуни суди вилоят мебошад, ҳар се моҳ аз рӯи замимаҳо бақайд гирифташуда, ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли электронӣ маълумот пешниҳод намоянд.
Дар охир Раиси суд хотиррасон намуд, ки дар маҷлисҳои қаблӣ масъалаи интизомӣ меҳнат баррасӣ шуда буд ва роҳбарият, судяҳо аз ҷумла кормандони дастгоҳро таъкид карданд, ки масъалаи мазкурро қатъӣ ба роҳ монанд, дар ҳолати вайронкардани интизомӣ меҳнат чораҳои дахлдор андешида мешавад.
Суди вилояти Суғд 