Дарсҳои бозомӯзӣ бо судяҳо ва кормандони дастгоҳи суди вилояти Суғд
Санаи 01 июни соли 2026 дар толори суди вилояти Суғд тибқи нақшаи чорабиниҳои дохилиидоравии суди вилояти Суғд вобаста ба мавзӯи “Ҳолатҳое, ки имконияти иштирокро дар мурофиаи судии ҷиноятӣ истисно мекунанд. Боби 8 КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон”, дарси бозомузии навбатии судяҳо ва кормандони дастгоҳи суди вилояти Суғд гардид.
Дар маҷлис роҳбарияти суди вилоят, судяҳо ва кормандони дастгоҳ иштирок доштанд.
Муовини Раиси суди вилояти Суғд Зарифӣ Ф.Н. машғулияти дарси омӯзишии судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд, ки дар асоси нақшаи тасдиқгардида барои давраи кории соли 2026 пешбинӣ шудааст, кушода эълон намуда, суханро ба маърузачӣ — судяи суди вилояти Суғд Раҷабзода М. дод.
Судяи суди вилояти Суғд Раҷабзода М. мухтасар оид ба мавзӯи тасдиқгардида маълумот дод ва вобаста ба мавзӯи мазкур пурра доир ба ҳар як моддаҳои он истода гузашта, ҳар як банди онро ба пуррагӣ шарҳ дода, ба соволҳои додашуда ҷавоб гардонид.
Байни маърузачӣ ва иштирокчиёни дарси омӯзишӣ саволу ҷавоб сурат гирифт ва дар охир кормандони дастгоҳи суд вобаста ба мавзӯъ фикру мулоҳизаҳои худро баён намуданд.
Бо ҳамин машғулияти дарси омӯзишӣ ба охир расид.


Суди вилояти Суғд 