Вохӯрию сӯҳбатҳои навбатии судяҳои суди вилояти Суғд
Тибқи нақшаи чорабиниҳо ва рӯйхати вохӯрию сӯҳбатҳои судяҳои суди вилояти Суғд, ки аз 16 январи соли 2026 тасдиқ гардидааст, судяҳои суди вилояти Суғд Искандарзод А., Ғаффорзода А. ва Бобокалонзода З. санаи 06 июни соли 2026 бо кормандони соҳаи тиб дар таваллудхонаи шаҳри Хуҷанд вохӯрӣ гузарониданд.
Вохӯрии мазкурро намояндаи таваллудхонаи шаҳри Хуҷанд Тошматова М.Р. кушода эълон намуда, кормандони суди вилояти Суғдро ба иштирокчиён муаррифӣ карда, суханро ба судяи суди вилояти Суғд Искандарзод А. дод.
Судяи суди вилояти Суғд Искандарзод А. доир ба паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” баромад намуда, қайд намуд, ки нуқтаҳои муҳими Паёми навбатӣ аз қабили, сарфакорона истифода намудани қувваи барқ, таълиму тарбияи дурусти насли ояндасози Ватан, пешгирии омилҳои бекоршавии ақди никоҳ, рушди босуботи кишвар ва дар руҳияи баланди худшиносию ватандӯстӣ тарбият ёфтани аҳли Ватан мебошад ва ҳозиринро хотиррасон намуд, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар чун ҳамеша раҳнамои кулли мардуми фарҳангдӯсту худшинос ва меҳандӯсти тоҷик буда, фаъолияти моро барои солҳои минбаъда дақиқу мушаххас кард.
Баъдан, барои баромад намудан, ба судяи суди вилояти Суғд Ғаффорзода А. сухан дода шуд. Ғаффорзода А. низ оиди Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” баромад намуда, инчунин оиди Қонунҳои миллӣ ва шарҳи тағйиру иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад карда, ба саҳми ҳозирин Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак”-ро кушоду равшан ва мушаххас расонид.
Сипас, судяи суди вилояти Суғд Бобокалонзода З. оиди паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” суханронӣ намуд ва инчунин вобаста ба мавзӯъи “Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ” баромад карда, ба саҳми ҳозирин кушоду равшан ва мушаххас расонид.
Дар вохӯрии мазкур байни ҳозирин ва баромадкунандагон саволу ҷавоб доир гардида, ба саволҳои пешниҳодшуда ҷавобҳои мушаххасу саҳеҳ дода шуд.
Дар охир намояндаи таваллудхонаи шаҳри Хуҷанд Тошматова М.Р. вохӯрии мазкурро ба охир расонид.

Суди вилояти Суғд 