ҲАЁТИ ОСОИШТА МАРОМИ МОСТ

Кишвари мо дар солҳои аввали Истиқлолияти миллӣ басо рӯзҳои сангинро аз cap гузаронид. Аммо мардуми матиниродаи тоҷик ин сангарҳоро сарбаландона паси cap намуда, ба ҳаёти осоиштаву босубот қадам ниҳод. Кишвар рӯз aз pӯз обод ва ҳаёти мардум басо рангин гардид. Аммо ин пешрафту тараққиёти кишвар ба баъзе хоҷагони хориҷӣ писанд наомада, онҳо кӯшиш менамоянд, ки ба амнияти кишвари азизи мо халале ворид созанд.

Воқеан, имрӯз мардум дарк намуданд, ки ин афрод ҳарчанд симои худро дигар мекунанд, мақсадашон ба аҳли ҷомеа равшан аст. Бале, авҷи хатари терроризм ва экстремизм ин ҳодисаҳои марбут ба ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвари мо дар солҳои 90-ум буд. Мутаассифона, имрӯз низ бархе аз ифротгароён, хоинони миллат ақидаҳои нодуруст, ҳадафҳои нопоки худро мехоҳанд, ки дар тамоми ҷаҳон амалӣ созанд ва сулҳу субботи ҷомеаро халалдор намоянд.

Давоми асрҳои тулонӣ миллати тоҷик дастовардҳои фарҳанги асил, ҳувияти миллӣ, забони модарӣ, илму адабиёти оламгирашро нигоҳ доштааст. Ба ҳамагон маълум, ки ниёгони мо бо талқини афкори пурарзиш беҳтарин ва равшантарин орзуву омоли инсоният ва рукнҳои ахлоқи ҳамидаpo басо орифона ифода намудаанд, ки ин суханони пурҳикмат дар тӯли асрҳо барои ташаккули арзишҳои солими башардӯстона хидмат кардааст.

Воқеан, Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамеша дар сафи пеши мубориза ба ин зуҳуроту даҳшатноку нафратовар қарор дорад. Террорист миллат, Ватан ва дину мазҳаб надошта, мубориза бар зидди ин зуҳурот муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешорӯи ин хатари умумӣ тақозо менамояд.

Ҳукумати ҷумҳурӣ баҳри он мекӯшад, ки ҳамеша дар кишвар фазои сулҳу амонӣ танинандоз гардад.

ЗОИРЗОДА Боир

судяи суди вилояти Суғд