ҒАЛАБАЕ, КИ АЗ ЁДҲО НАМЕРАВАД

Ғалабаи оламшумули мардуми советӣ дар солҳои Ҷашни Бузурги Ватанӣ аз ёдҳо ҳеҷ гоҳ зудуда нахоҳад шуд. Ин боис гардид, ки халқиятҳои гуногун риштаи меҳру пайвандии худро дар сарзаминҳои ҷангзада собит ва баҳри ҳимояи марзу буми Ватан ҷонбозиҳои зиёде намуданд. Мардуми рус то имрӯз аз қаҳрамонию шуҷоат ва ҷоннисориҳои мардуми тоҷик дар майдони набард бо меҳру муҳаббати беандоза ёдоварӣ менамоянд. Бале, дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки имрӯз мардум 76 — умин солгарди пирӯзии онро ҷашн мегиранд, ҷоннисориҳои зиёде намуданд.

Ҳарчанд солҳои зиёд сипарӣ мегарданд, аммо корнамоию ҷонбозиҳо ва қаҳрамониҳои иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳеҷ гоҳ аз дилу дидаи мардуми шарафманди тоҷик зудуда нахоҳад шуд. Бояд изҳор намуд, ки ғалабаи мардуми советӣ бар зидди армияи тавоно ва сар то по мусаллаҳи фашистони гитлерӣ тавассути иродаю матонат ва фидокорию садоқатмандӣ, ҷонбозию қаҳрамониҳо ва дӯстию рафоқати зиёда аз сад миллату халқиятҳои собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ ба даст омада буд. Ғалаба бар фашизм бар ивази фидокорию ҷонбозиҳои садҳо миллион сокинони сайёра дар набардҳои хунину бераҳмонаи солҳои 1941-1945 ба даст омадааст.

Мардуми шарифи Тоҷикистон қатори халқиятҳои дигар ҳар сол 9-уми майро ҳамчун рӯзи Ғалабаи оламшумул таҷлил менамоянд. Дар ин рӯз ҳама рӯҳияи идона дошта, барои табрикот ва ҳам мулоқоти иштирокчиёни ин набард мешитобанд. Қаҳрамониҳои бемислу монанди тоҷикон низ дар ин набарди хунин бо хатти заррин навишта шудааст. Дар майдони ҷанг баҳри озодию истиқлолияти давлати абарқудрати шӯравӣ 20 миллион риштаи хушранги умр канда шуд ва қурбони он ҷанги хунин гардид. Дар ин ҷанги хонумонсӯз натанҳо мардони қавипайкару қавиирода, балки занони мардсифату матинирода низ баробари мардон дар заминканҳо ба муқобили фашистон муборизаи беамон бурдаанд. Он вақт мардумро ҳисси баланди ватандӯстӣ, меҳанпарастӣ фаро гирифта буд, зеро тарғиботу ташвиқот байни мардум дар рӯҳияи садоқату ватандӯстӣ ва муборизаи беамон бо душманони Ватан дар сатҳи баланд ба роҳ монда шуда буд. Ин дар ташкилу сафарбаркунии қувваву воситаҳои зарурӣ ба фронт аҳамияти калон дошт. Тоҷикистон дар баробари сафарбар намудани захираҳои инсонӣ ҳамчун омили асосӣ, инчунин дар фиристодани тамоми захираҳои иқтисодӣ ва моддию техникӣ низ саҳми беандоза дорад.

Воқеан, солҳо мегузаранд, аммо ин Ғалаба, он корнамоию ҷонбозиҳои бобоёну падарон доимо дар лавҳи хотираҳо абадӣ мемонад. Бале, «Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нашудааст». Дар ин рӯзҳо, ки мардуми шарифи тоҷик қатори дигар халқиятҳо ҷашни бузурги Ғалабаи оламшумулро ҷашн мегиранд, ба ёд овардани қаҳрамонию шуҷоати мардум аз манфиат холӣ нест. Ин амал боиси дар рӯҳияи ватандӯстию меҳанпарастӣ тарбия намудани наврасону ҷавонон саҳм мегузорад.

Ховар НАЗАРЗОДА,

судяи Суди вилояти Суғд