ҲАСТИИ МИЛЛАТ

Истиқлолияти кишвар ва сиёсати сулҳпарваронаи мо аз ҷониби мамолики мутараққии дунё дастгирӣ ёфта, муносибати давлат ва шаҳрвандон дар асоси қонунҳои қабулгардида амалӣ гашта истодаанд.

Қабули қонунҳои ҷавобгӯйи талаботи замони муосир, зина ба зина гузаронидани ислоҳоти судию ҳуқуқии кишварро, тағйир додани сохторҳои судию мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз ворид шудани Тоҷикистон ба низоми нави ҳуқуқӣ дарк медиҳад.

Дар бораи дастовардҳо сухан ронда, месазад, таъкид бар он намоем, ки маҳз бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қонуни авф борҳо қабул шуда, чун санади башардӯстона аз ба амал баровардани адолати судӣ дар даврони соҳибистиқлоли дарк медиҳад. Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ,  озодиҳои инсон, манфиати давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо ва адолатро ҳифз менамояд.

Чун ин ҷо сухан дар бораи дастовардҳои Истиқлолияти миллӣ меравад, месазад, аз ҷиҳати ободонӣ, созандагӣ, сари ҳар қадам дар тамоми гӯшаву канори Тоҷикистони азиз занем. Аз бунбасти коммуникатсионӣ баромадан, сохтмони ГЭС-и «Роғун»-ро идома бахшидан, тавассути нақби Истиқлол Шимолро бо Ҷануб пайвастан, бунёди садҳо пулҳо, иқдомо сӯи истиқлолияти энергетикии кишвар, таъмини амнияти озуқаворӣ, пешрафтҳои навин дар рушди маориф, компютеркунонии мактабҳо, дари худро боз кардани литсейҳо, коллеҷу мактабҳои ғайридавлатӣ, донишкадаҳои олӣ, миёнаи махсус, инқилоб дар соҳаи таъмин бо кадрҳои нави замони муосир, эътибор ба насли ҷавон чун ояндасози миллат, пешрафти тиб аз ҷумлаи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолист.

Ҳақ бар ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки дар ин боб зикр дошта буданд: «Итминони комил дорем, ки тамоми мардуми Тоҷикистон ҳар фарди худогоҳу худшинос ва бонангу номуси миллат бо дарки масъулияти ватандорӣ, хадафҳои наҷиби созандагӣ ва ободонии Ватани азизамонро қарзи инсонӣ ва вазифаи шаҳрвандии хеш ҳисобида, ба қадри соҳибистиқлолӣ ва соҳибихтиёрӣ, сулҳу субот ва оромии ҷомеа мерасанд, онро чун неъмати бебаҳо қадршиносӣ мекунад, зиракии сиёсиро аз даст намедиҳанд ва ҳамеша барои ҳифзи манфиатҳои олии миллат ва давлат азму талош менамоянд».

Ҳар як фарди бонангу номус бояд ба қадри сулҳу Ваҳдати миллӣ расида, баҳри ободонии кишвар саҳмгузор бошад.

                                                            Абрӯнисо МИРАСИЛЗОДА,

                                                             судяи суди вилояти Суғд