ҶАВОНОНРО БА РОҲИ РОСТ РАҲНАМО БОШЕМ!

Ба ҳама маълум аст, ки аксарияти аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, нерӯи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, ояндаи миллат ва давлат мебошанд. Татбиқи бо Самари сиёсати давлатии ҷавонон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар меҳвари фаъолияти Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад. Ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа фаъол бошанд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ, дастовардҳои Истиқлолиятро ҳифз кунанд, амнияти давлат, шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд.

Терроризм ва ифротгароӣ ин барангезандаи низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад, ки қурбони он дар ин ё минтақа асосан ҷавонон мегарданд. Бинобар ин ҷавонон дар ҳар ҷое, ки бошанд, бояд ҳисси баланди миллӣ ба Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлоли худ ва забону фарҳанги миллии хеш ифтихор намоянд ва барои ҳимояи онҳо ҳамеша омода ва ҳушёру зирак бошанд. Тарбияи шахсиятҳои донишвару ватандӯст, соҳибкасбу ҳунарманд ин вазифаи аввалиндараҷаи аҳли ҷомеа ва мактабу маориф мебошад. Ба насли ояндасози миллат пеш аз ҳама дарк кунондан лозим аст, ки терроризм ва террористро ба худӣ ва бегона, ашаддӣ ва ислоҳгаро, хубу бад ҷудо кардан мумкин нест. Аммо расидан ба ояндаи нек танҳо бо суханони шифоҳӣ, ифтихори забонӣ муяссар намешавад. Дар ин роҳ самимият, масъулиятшиносии бузург нерӯи эҷодиву хиради инсониро дареғ надоштан нисбат ба фаъолияти ҳамдигар бетараф набудан лозим аст. Бояд дар ҷавонон ва насли ояндасози миллат, завқи забономӯзӣ, хондани адабиётҳои бадеӣ, шавқ ба васоити ахбори омма, интихоби дурусти касб барои ояндаи дурахшонро бедор намуд.

Худогоҳию хештаншиносӣ ва масъулияти ватандорӣ ҳанӯз аз суруди аллаи модар оғоз гардида, бо гузашти вақт такмил меёбаду ба ишқи ҳақиқӣ мубаддал меёбад. Ин табаддулотро дар ниҳоди ҷавонон омӯзгорон дар соатҳои дарсию тарбиявӣ, барномаю филмҳои ҳуҷҷатӣ оид ба мардонагиву шуҷоат, хондани қиссаву очеркҳо оид ба фаъолияти қисмҳои ҳарбиву матонат дар машқҳои ҳарбӣ ба вуҷуд меоваранд, ки дар натиҷа меҳри Ватан ба ишқи бузург табдил ёфта, чун ҷавонмардони баору номус барои ҳифзу ҳимояи Ватан бо ишқи поку самимияти афзун баҳри адои хизмати Ватан ба аскарӣ мераванд. Хизмат ба Ватан баробари хизмат ба модар аст. Ҳар шахси комилақл барои модар ва аҳли оилааш мехоҳад хизмати шоистае карда, қарзи фарзандии худро дар наздаш адо кунад. Аввалин қарзи ҷавонмардони Ватан ин хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ буда, барои ҳимояи он сипари боэътимод гардидан мебошад. Марзу буми кишвар барои мо сокинони ин Ватани орому осуда ҳамеша қимат буду муқаддас. Бинобар ин мебояд ин муқаддасоти худро амсоли гавҳараки чашм нигаҳбонӣ кунему барои ҳифзаш ҳамеша омода бошем. Таъкид намудан бамаврид аст, ки Ватани мо — Тоҷикистони азизи моро касе ғайр аз худамон ҳифз нахоҳад кард. Ватан мисли модар ҳар яки моро ба оғӯш кашидаву бо меҳр парвардааст, то рӯзе ба ҳифзаш ҷон рӯи каф гирифта, марзу бумро ҳимоя кунем. Ва мо омодаи хизмат бар Ватану миллати хеш ҳастем.

 

                                                        Шавкатбек ОБИДИЁН,

судяи суди вилояти Суғд