АЗ КОРИ МО ДИГАРОН ЗАРАР НАБИНАНД

Оила дар фарҳанги куҳанбунёди тоҷик як ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст. Зеро баъди барпо намудани оила ва оиладорӣ оинҳои онро низ риоя намудан шарти муҳим аст. Баъзан ба оилаҳое рӯ ба рӯ мешавед, ки баъди пош хурдан ҳамдигарро фиреб медиҳанд. Аснои кор ба чунин шахсон бисёртар рӯ ба рӯ меоем, ки дар натиҷаи муносибатҳои нодурусти онҳо дигарон яъне шахси сеюм зарар мебинад. Даъвои Ғ.Алиҷонов дар шахсияти намояндаи ваколатдораш Р.Маҳкамова нисбати ҳалномаи суди шаҳри Хуҷанд аз 26 ноябри соли 2020 нисбати Азимова Барно Маъсумовна, Идораи нотариалии давлатии шаҳри Хуҷанд ва Ҳамралиева З. дар бораи беэътибор донистани шартномаи хариду фурӯши ҳуҷраи истиқоматӣ, ки рад карда шудааст баррасӣ намуд.

Даъвогар Ғ.Алиҷонов дар намояндагии Р.Маҳкамова ба суд муроҷиат намуда, онро чунин асоснок кардааст, ки манзили истиқоматӣ воқеъ дар суроғаи шаҳри Хуҷанд, маҳаллаи 18, хонаи 11, ҳуҷраи 58 дар асоси шартномаи хариду фурӯш аз 15 августи соли 2001, ки дар Идораи нотариалии давлатии шаҳри Хуҷанд ба ҳамсари Алиҷонов Ғ. – Ҳамралиева З. тааллуқ доштааст. Хонаи мазкур дар вақти зиндагии якҷоя будан дар моликияти ҳарду ҷониб харида шудааст. Аммо вақте, ки Ғ.Алиҷонов дар хориҷи кишвар қарор дошт ҳамсараш моликияти якҷояи онҳоро бегона намудааст. Суди марҳилаи якум муайян намудааст, ки манзили истиқоматии мазкур мутобиқи шартномаи хариду фурӯш аз 30 майи соли 2003 аз фурӯшанда – ҳамҷавобгар Ҳамралиева З. ба Азимова Б. фурӯхта шудааст. Шартномаи хариду фурӯш дар Идораи нотариалии давлатии шаҳри Хуҷанд аз 30 майи солии 2003 таҳти №4-Д-924 дар феҳрасти давлатӣ ба қайд гирифта шудааст.

Суди марҳилаи якум муайян намудааст, ки воқеан байни тарафҳо шартномаи хариду фурӯш баста шудааст, шартҳои шартномаи хариду фурӯш  байни тарафҳо иҷро гардидааст, тарафҳо бо майл ва иродаи худ шартнома баста ва оқибати онро дарк намуда дар шартнома имзо гузоша, он дар идораи нотариалӣ ба қайд гирифта шудааст, ҷавобгар дар манзили истиқоматии харидорӣ намудааш зиндагӣ карда истодааст ва ҳолатҳое, ки асоси беэътибории шартномаи хариду фурӯш мегардад ҷой надорад. Бар замми ин суди марҳилаи якум муайян кардааст, ки баъд аз барасмият даровардани шартномаи хариду фурӯш он аз ҷониби харидор – ҷавобгар Азимова Б. воқеан қабул карда шуда, арзиши манзили истиқоматӣ ба Ҳамралиева М. пурра пардохт карда шудааст.

Воқеан бо назардошти ин амалҳо ва бо дастраси моддаҳои 349,350 қисми 1, 355 КМГ Ҷумҳурии Тоҷикистон коллегияи судӣ қарор намуд, ки ҳалномаи суди шаҳри Хуҷанд аз 26 ноябри соли 2020 марбут ба парвандаи гражданӣ бо даъвои Алиҷонов Ғ. дар намояндагии Маҳкамова Р. нисбати Азимова Б.М., Идораи нотариалии давлатии шаҳри Хуҷанд ва Ҳамралиева З. дар бораи беэътибор донистани шартномаи хариду фурӯши ҳуҷраи истиқоматӣ бетағйир мононда шуда, шикояти кассатсионии намояндаи ваколатдори даъвогар беқаноат мононда шуд.

 

Т.Ҳафиззода,

муовини аввали раиси

суди вилояти Суғд